Гектор Берлиоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Берлиоз Гектор to Гектор Берлиоз: ивази номгузорӣ
х ислоҳ using AWB
Сатри 8:
|ном ҳангоми таваллуд =
|номи пурра =
|санаитаърихи таваллуд = 1803
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|}}
|санаитаърихи марг = 1869
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|}}
|солҳои фаъолият =
Сатри 29:
'''Берлиоз Гектор''' (1803-1869) — [[композитор]]и барҷастаи фаронсавӣ, [[дирижёр]], [[нависанда]]и соҳаи мусиқӣ. Узви Институти Фаронса (1856).
== Эҷодиёт ==
Берлиоз Гектор Консерваторияи Парижро аз синфи композитсия Ж.Ф. Лесюэр хатм намудааст. Асари нахустини ӯ – Симфонияи фантастикӣ («Лавҳае аз ҳаёти артист») – Берлиозро ба қатори композиторони барҷастаи [[Фаронса]] ба ҷои якум монд, ҳамчунин дар оянда чун офарандаи жанри нав – [[Мусиқии барномавӣ|мусиқии симфонии барномавӣ]] эътироф шуд. Сужети асарҳояшро Берлиоз асосан аз адабиёти асарҳои нависандагони бузург: [[Байрон]] (увертюраи «Корсар», симфонияи «Гаролд дар Италия»), [[Шекспир]] (увертюра «Корол Лир», операи комедиявӣ «Беатриче ва Бенедикт», симфонияи драматикии «Ромео ва Юлия»), [[Ҳёте]] (қиссаи драмавии «Таънаомезии Фауст») ва ғ. Берлиоз такмили таъсирноки «[[Марселеза]]»-ро барои хори калон ва оркестр иҷро кард. Ба хотираи қурбониҳои инқилоби Фаронсаи с. 1848 Берлиоз Симфонияи мотамӣ-музуфариятиро бахшид ва ғ. Композитор-навовар ба шаклҳои мусиқӣ навоварӣ даровард, худро ҳамчун нобиғаи оркестровка нишон дод. Берлиоз [[дирижёр]]и мумтоз ва нависандаи мусиқӣ буд. Ӯ дар [[Фаронса]] ва дигар мамлакатҳо консетрҳои зиёд дода, ба Россия низ сафарҳои ҳунарӣ доир намудааст (1847 ва 1867-68). Берлиоз рисолаи бузург оиди инструментовка ва мақолаҳои зиёде дар хусуси мусиқӣ ва мусиқичиён навиштааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.64-65. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Мусиқидонон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Композиторони асри XIX]]
[[Гурӯҳ:Композиторони Фаронса]]