Ҳаловард: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Ҳаловард (هلاورد) дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристон...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Ҳаловард''' ({{lang-fa|هلاورد}}) номи пешина ва бостонии шаҳраки [[Колхозобод]] будааст.
Ҳаловард (هلاورد) дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи "Ҳудуд-ул-олам", "Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ". Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар "Масолик вал-мамолик", Муқаддасӣ дар "Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим", ибни Ҳавқал дар "Сурат ул-арз", Ёқути Ҳамавӣ дар "Мӯъҷам ул-булдон" ва Абурайҳон Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи "Золи Зар" наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Аз инҷо чунин натиҷа мегирем, ки номи пешина ва бостонии Колхозобод Ҳаловард будааст.
 
[[Ҳаловард]] дар замони [[Сомониён]] яке аз ду шаҳри калони [[Вахшонзамин]] буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи "Ҳудуд-ул-олам", "'''Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ'''"<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Шаҳри Ҳаловардро [[Истахрӣ]] дар "Масолик вал-мамолик", [[Муқаддасӣ]] дар "Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим", [[ибни Ҳавқал]] дар "Сурат ул-арз", [[Ёқути Ҳамавӣ]] дар "Мӯъҷам ул-булдон" ва [[Абурайҳон Берунӣ]] низ дар осораш ёд кардаанд.
Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри [[Ҳаловард]] дар замони [[Кушониён]] падид омада<ref>Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156</ref> ва дар садаҳои миёна маркази [[Вахшонзамин]] будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти [[арабҳо]] вайрон шуда<ref>Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 178</ref> ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки [[Колхозобод]] ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро [[Кофирқалъа]] мехонанд<ref>Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 167</ref>.
Сипас маркази [[Вахшонзамин]] ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои [[Кофирқалъа]] дар канораи рӯди [[Вахш]] ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ [[Ҳаловард]] ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи "Золи Зар" наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз [[Колхозобод]] ва 23 км дуртар аз [[Қӯрғонтеппа]] бар ҷоянд<ref>Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. —М. —Л., 1950. — с. 140—146. саҳ. 144; Литвинский В. А. Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР, 1954. — 81 с. саҳ. 38</ref>.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст<ref>Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с. – саҳ. 284</ref>. Пас аз [[истилои араб]] ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида<ref>Соловьев В. С. Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492. саҳ. 491</ref> ва то ҳамлаи [[муғул]] маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст<ref>Рашид ад-Дин. Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946 – 1952 г. – ҷ. 1 б. 2, саҳ. 207, 218</ref>.
 
== Манобеъ ==