Афина (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Саноат: Мақдунияи Шимолӣ
No edit summary
Барчасб: Reverted
Сатри 10:
 
=== Таърихи мухтасари Афина ===
Аз соли 1466 то мелод Афина ба [[Рим]] ва аз асри 4 то соли 1204 ба [[Империяи Византия]] тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро [[туркҳо]] забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии солҳои 1821–29 Афина маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз соли 1834 пойтахти Юнон аст. Афина маркази бузурги туризми байналмиллалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина [[Бозиҳои олимпӣ]] баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.
 
=== Саноат ===
Ба шарафи илоҳаи асосии асотири [[Юнони Қадим]] — [[Афина (асотир)|Афина]] номгузорӣ шудааст. Пирейро, ки бандари калонтарини Юнон мебошад, дарвозаи баҳрии Юнон мегӯянд. Маркази муҳимми нақлиёти байналмиллалӣ. Роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард Афинаро бо [[Салоники]] ва аз он ҷо бо [[Мақдунияи Шимолӣ|Мақдуния]], [[Булғория]] ва [[Туркия]] мепайвандад. Афина ду аэропорти байналмиллалӣ, хатти метро дорад. Аз се ду ҳиссаи истеҳсолоти саноатии мамлакат дар Афина ҷойгир шудааст. Дар Афина [[металлургия]], [[мошинсозӣ]] (аз ҷумла [[киштисозӣ]]) рушд ёфтааст. Корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, кимиё, нӯшобаҳо, чарму пойафзор, коркарди [[нафт]], кулолӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, ва мӯина дорад. Дар Афина муассисаҳои тиҷоратию молиявии Юнон ҷой гирифтаанд.
 
=== Марказҳои илму фарҳанг ===
Афина дорои академияи илмҳо, донишгоҳ (1837), донишкадаи политехникӣ, Ҷамъияти бостоншиносии Юнон (1837), марказҳои илмию бостоншиносӣ ва таърихии давлатҳои хориҷа, расадхонаи миллии ахтаршиносӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, Маркази мадании ба номи [[Мелин Меркури]], театри опера ва ғайра; 3 [[консерватория]], 26 [[осорхона]], аз он ҷумла Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, [[Осорхонаи Византия]], [[Осорхонаи Акропол]], Нигористони миллии рассомӣ, Осорхонаи таърихии Афина ва Нигористони бадеии Бенакӣ мебошад.
 
=== Ёдгориҳои қадима ===
Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар [[Юнони Қадим]] он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – [[Ликабетос]] ёдгориҳои қадимтарини Афина – [[Акропол]], [[Ареопаг]], [[Пникс]], [[Филопаппу]] (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва [[Дионис]], майдонҳои атиқии [[Агораи Рим]] ва Агораи Юнон, маъбади [[Зевси Олимпӣ]], Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои [[Византия]] ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд.
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофия]]
[[Гурӯҳ:Маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Афина]]