Фарқият байни намунаҳои "Дев"

х
clean up using AWB
х (clean up using AWB)
== Дар афсонаҳои тоҷикӣ ==
Дев дар афсонаҳои тоҷикӣ махлуқе аз ҷинси мард буда, қади баланд, тани пашмин, дасту бозуи пурқувват, нохунҳои тез ва чеҳраи зишту бадҳайбат дорад. Макони дев ғорҳо, паси кӯҳҳои баланд ва ё дар зери замин мебошанд. Девҳо дар макони худ ганҷҳо, ба монанди тиллову нуқра, сангҳои гаронбаҳоро нигоҳ медоранд. Ғизои девҳо гӯшти инсонҳо буда, дар ғорҳои худ бандиҳоро дар банд мекардаанд, ки ҳар рӯзе чанде аз онҳоро мехӯрад. Вақте ки қаҳрамони афсона ба маскани дев ворид шуд, назараш ба устухонҳои одамӣ меафтад, ки парешон дар ҳар куҷо мехобанд. Ҷони баъзе девҳо дар танашон набуда, дар сандуқчае, дар шакли кабутар ниҳон аст, ки ба дасти паҳлавонон маҳв карда мешавад.
Паҳлавонон бо девҳо се шабу се рӯз ва ё ҳафт шабу ҳафт рӯз гӯштинкуштӣ мегиранд ва ниҳоят девҳоро мағлуб карда, шоҳдухтаронро аз асорати онҳо наҷот дода, дар охир арӯси худ менамоянд.
Дар афсонаву бовархои асотирӣ паҳлавононе чун [[Ҷамшед]], [[Таҳмурас]], [[Эраҷ]], [[Рустам]], [[Сулаймон]], [[Амир Ҳамза]], [[ҳазрати Алӣ]] ва дигарон бо лашкари девҳо ҷангида онҳоро то паси кӯҳи Қоф ронда, пеши роҳашонро маҳкам мекунанд ва ё ба тобеияти худ медароранд. Дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» девҳо одамони ҳунармандро рабуда, ба мулки худ мебаранд ва онҳоро тилисму ҷоду намуда, аз заҳматашон истисмор мекунанд. Аммо Эраҷ ҳамаи тилисмҳоро шикаста, бо дев меҷангад ва ҳамаро қаҳр намуда, бандиёнро озод ва падарашро пайдо мекунад.
Тибқи баъзе қиссаҳо, Ҷамшеду Сулаймон девҳоро ба итоати худ дароварда будаанд ва тилисми онҳо дар ангуштарини онҳо ҷойгир будааст. Девҳо барояшон хонаву қасрҳо, чорбоғу гулзорҳо месохтанд ва тахти онҳоро бардошта, аз мулк ба мулки дигар парвоз мекардаанд.
 
Намоди дигаре, ки дар нақлу ривоятҳои фолклори тоҷик маъруф аст, ғул ном дорад, ки баъзе аз одамон онро бо дев як махлуқ мешуморанд. [[Ғул]] низ аз ҷинси мард буда, сару танаш пур пашм аст ва дар кӯҳҳо мегардад. Ӯ ба мардҳои дар кӯҳҳо танҳогард ҳамла мекунад ва ё бо мардҳо гӯштинкуштӣ мегирад.
 
Мардумшиноси рус М. С. Андреев дар соли 1925 ба Тоҷикистон сафари илмӣ намуда, аз мардуми ноҳияи Язгулом боварҳоро дар бораи деви сафед сабт менамояд. Мувофиқи маълумоти Андреев, дар Язгулом рӯзи ҷумъа – рӯзи "Деви сафед" ҳисоб мешудааст. деви сафед – намоди пирзани нуронӣ буда, мӯйи сараш ва либосҳояш саропо сафед мебошад. Шоми рӯзи ҷумъа ба деви сафед нонҳоро хурд реза карда, дар табақе пешкаш мекардаанд. Шабона гӯё ӯ омада, нонҳоро хӯрда, дар кори ресмонбофӣ ба хонумҳо файзу баракат мерасонидааст. Агар касе дар рӯзи ҷумъа деви сафедро бадгӯйӣ кунад, ӯ шабона омада ба ӯ таъсири бад мерасонидааст, ки дар натиҷа он шахси бадгӯй бемор мешудааст.
Дар баъзе минтақаҳо пири ресандаҳоро Момо Ҳаво меноманд, ки яқинан исломишудаи ин намод мебошад. Эҳтирому тақдиси деви сафед, решаҳои хеле қадимӣ дошта, ба замони тозардуштӣ, замоне, ки ҳанӯз девҳо ҳамчун худоҳо парастиш мешуданд, рост меояд.
 
== Адабиёт ==
* Брагинский И. С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. М. : Изд-во АН СССР, 1956;
* Муродов О. Дар пардаи сеҳру ҷоду. Душанбе: Ирфон, 1990;
* Андреев М. С. Из материалов по мифологии таджиков // По Таджикистану, краткий отчет о работах этнографических экспедиции в Таджикистане в 1925 году. Выпуск I, Ташкент, 1927.
 
== Сарчашма ==