Гватемала: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Варзиш: clean up using AWB
Сатри 91:
 
== Варзиш ==
Кумитаи олимпии Гватемала соли 1947 ташкил ва аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Навъҳои нисбатан паҳншудаи варзиш: футбол, гӯштингирӣкуштигирӣ, бокс, велосипедронӣ, варзиши сабук ва вазнбардорӣ. Варзишгарони Гватемала дар Бозиҳои олимпии соли 1952 ширкат доштанд. Комёбии чашмрасро дастаи яккачини футболи Гватемала дар Бозиҳои олимпии солҳои 1968, 1976 ва 1988 ба даст овардааст.
Адабиёт. Имрӯз адабиёти Гватемала асосан ба забони испанӣ инкишоф меёбад. Вале дар даврони қабл аз истилои испаниҳо сокинони маҳаллӣ асарҳои зиёди хаттӣ эҷод намуда буданд, ки қариб пурра аз ҷониби испаниҳо нобуд карда шуданд. Катибаҳои иероглифии бозмонда шаҳодат медиҳанд, ки майя асотир ва афсонаҳои хеле зиёд доштааст. Китоби муқаддаси майя «Попол-Вук», ки ба забони киче ба хатти лотинӣ дар солҳои 1554-58 китобат шудааст, дар бораи пайдоиши олам, асосҳои ахлоқ маълумот медиҳад. Ба забони киче «Аннали какгикелен» (сабти асри 17) ва драма — балети «Рабинал-Аги» (сабти асри 19) навишта шудаанд. Дар асри 19 бештар шоири романтик Х. Батрес Монтуфар, муаллифи достонҳои таърихӣ Х. Миля-и-Видаурре, намояндагони модернизм — шоирону нависандагон М. Сомо Холл, Э. Гомес Каррилйо, Р. Аревало Мартинес, С. Браняс, дар асри 20 шоир ва нависанда Ф. Эрера (эҷодиёти ӯ ба тавсифи зиндагии ҳиндуҳои амрикоӣ бахшида шудааст), шоираҳо А. Акуня, А. М. Родас, К. Матуте бо эҷодиёти хеш маъруф гардида буданд. Нависандаи машҳури муосир М. А. Астуриас аввалин нависандаи Амрикои Лотинӣ аст, ки сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1967). Нависанда Р. Менчу Тум (мукофоти Нобел, 1992), ба шарафи халқи майя киче китоби «Маро Ригоберта Менчу меноманд»-ро навиштааст (1983).