Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 105:
 
== Маданият ва санъат ==
Ривоҷи санъату маданият дар Иморот аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он ба тамоми аҳли ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар Иморот лоиҳаҳои миқёсашон бузурги тамоми қитъаҳои олам амалӣ мегарданд. Беҳтарин дастовардҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театру кино ва дигар намудҳои ҳунар дар ин ҷо намоиш дода мешаванд ва барои ин маҷмааву иншооти мӯҳташам, намоишгоҳҳои фарохмасоҳат, толорҳои консертӣ ва ғ. мавҷуданд. Барои инкишофи санъати меъмории муосир, парвози тахайюли шаҳрсозии нодир ва амалӣ кардани лоиҳаҳои ғарибу тахайюлӣ (фантастикӣ), мас., лоиҳаи бузургтарин музейи а. 21 (пешниҳоди меъмори канадагӣ Франк Герӣ; дар он барои намоиш гузоштани бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои саноеи гуногун, дастнависҳо ва ғ-и дар тамоми ҷаҳон эҷодшуда ва аз тамоми олам гирдоваришудаи ҳамаи замонҳо ва ҳамаи тамаддунҳо дар назар аст) ландшафти кишвар — соҳили на он қадар чуқуру нилгуни халиҷ (барои сохтмон дар даруни об) ва паҳнои биёбон имкониятҳои фаровон медиҳад; ва ё нияти Дубайро ба метрополия (модари шаҳрҳо) ва маркази маданияту санъати ҷаҳони араб табдил додани иморатҳо аз ҷумлаи нақшаҳои тарҳрезишудаи кишвар мебошанд. иморати Шарҷа аз с. 2001 ин ҷониб ҳамчун маҷмӯъкунандаи дастовардҳои санъаткоронҳунармандон ва ҳунармандони мамлакатҳои Халиҷи Форс, Шарқи Наздик ва ҷаҳони боқимонда муаррифӣ шудааст. Дар Музейи бадеӣ, Музейи тамаддуни исломӣ ва музейҳои дигари ин иморат зуд-зуд намоиши осори рассомон ва пайкарасозон (бо ташкили семинар ва курсҳои маҳоратомӯзӣ) баргузор мегардад. Дар Абузабӣ барои ривоҷи санъати тасвирӣ хонаҳои эҷодӣ ташкил шудаанд. Дар Иморот Нигористони санъати муосир (масоҳ. 1817 м<sup>2</sup>) ва Маркази намоишӣ (масоҳ. 15.400 м<sup>2</sup>, с. 2009) ба истифода дода шудаанд, ки дар ҷаз. Саадияти ин иморат ҷойгиранд ва дар онҳо асарҳои рассомон, пайкарасозон ва амали ҳунармандони соҳаи ороиши бадеӣ намоиш дода мешаванд.
 
=== Мусиқӣ ===