Малика Собирова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эзоҳ: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 2:
'''Малика Собирова Абдураҳмоновна''' – (22 [[май]]и соли [[1942]] - 27 [[феврал]]и [[1982]]), артисти балет, раққоса. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] (1974), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]([[1967]])<ref>[http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A1%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%BE%D0%B2%D0%B0,_%D0%9C%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0_%D0%90%D0%B1%D0%B4%D1%83%D1%80%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2%D0%BD%D0%B0 Собирова Малика Абдураҳмоновна]</ref>
==Зиндагинома==
Малика Абдураҳмоновна Собирова [[22 май]]и [[соли 1942]] дар [[Душанбе]] ба дунё омадааст. Солҳои 1953-1961 дар Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи ш.шаҳри [[Ленинград]] таҳсил кардааст. Соли 1961 ва аз соли 1963 то охири умр ҳунарпешаи (солисткаи) [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ|Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]] буд. Соли 1962-1963 дар саҳнаи Театри калони СССР ш.шаҳри [[Москва]] таҳти роҳбарии Галина Уланова кор карда, санъати худро такмил дод. Собирова намояндаи барҷастаи мактаби русии рақси (балети) классикист. Ба санъати ӯ техникаи олӣ, фасоҳат ва дарки амиқи олами ботинии образҳои саҳнавӣ хос буд.
 
==Образҳои саҳнавӣ==
Сатри 8:
 
Образҳои хореографие, ки Собирова эҷод кардааст, хеле мукаммал ва аз ҷиҳати психологӣ амиқ буданд. Дар образҳои қаҳрамонию романтикии Жизель (“Жизель”), Заррина (Қиссаи кӯҳсор”), Саодат (“Писари Ватан”) ва ғ. Собирова тантанаи корнамоӣ ва фидокориро таҷассум кардааст. Фаъолияти консертии Собирова махсусан аз с. 1964 ривоҷ ёфт.
Собирова партияҳои зеринро иҷро кардааст: Одетта ([[«Кӯли қувон» (балет)|«Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский]], 1962), Жизель (“Жизель”)-и А. Адан, 1963), Сарри (“Бо роҳи раъди ғуррон”-и А. Қароев, 1964), Заррина, Саодат (“Қиссаи кӯҳсор”, 1965 ва “Писари Ватан”-и Ю. Тер-Осипов, 1966), Китри (“Дон-Кихот”-и Л. Минкус, 1968), Ҷульетта”-и С. Прокофьев, 1969), (“Лайлӣ ва Маҷнун”-и С. Баласанян, 1970), Заррина (“Темурмалик”-и М. Ашрафӣ, 1972), Золушка (“Золушка”-и С. Прокофьев, 1973), Никия (“Баядерка”-и Минкус, 1974) ва ғ.
 
Собирова инчунин дар якчанд [[филми бадеӣ|филмҳои бадеӣ]] ва ҳуҷҷатӣ иштирок кардааст: “1002 шаб” (1966), “Малика” (1967), “Адажио” (1971), “Қиссаи шарқӣ” (1972).
Сатри 15:
Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар [[Варна]] ([[1964]]) ва конкурси байналхалқии артистони балет дар [[Москва]] ([[1969]]). Дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ|Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ]] ([[1967]]), мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон ([[1967]]). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.<ref>Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 6. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1985. - с. 82.</ref>
 
== МанобеъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references />
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}