Норак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 30:
}}
[[Акс:Norak,vakhsh.jpg||thumb|200px|Дарёи Вахш]]
'''Норак''' – [[шаҳр]]и энергетикҳо дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «[[Тоҷикон]]» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз хафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати [[Шӯравӣ]] солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди [[нерӯгоҳ]]и обӣ-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон [[Турсун Ӯлҷабоев]] сохтмони [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]] соли [[1960]] ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли [[1990]] Совети Вазирони [[СССРИҶШС]] дар бораи сохтмони [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак|НБО-и Норак]] қабул кард ва сохтмони калонтарин дар [[Осиёи Марказӣ]] Нерӯгоҳи барқии обии Норак хамон сол дар ҷои [[деҳа]]ҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.
 
== Шаҳр ==
[[16 Декабр]]и соли [[1960]] дар асоси Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Норак дорои мақоми шаҳр гардид, ки соли [[2000]] – ум тамоми мардуми [[Тоҷикистон]], энергетикҳои шуҳратмандашон ин санаро тантанавор ҷашн гирифтанд.
Шаҳри Норак дар соҳили рӯди Вахш ҷойгир буда масоҳаташ зиёда аз 324,5 км мураббаъро ташкил медиҳад. Аз Норак то пойтахти мамлакат шаҳри [[Душанбе]] 64 км ва то маркази [[Вилояти Хатлон]] шаҳри [[Қурғонтеппа]] 130 км аст. Аз байни куҳҳое, ки Норакро дар оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Норак зеботарин ва баландтарин, ки баландиаш 1714 метр аст, мебошад. Умуман, шаҳри Норакро зиёда аз 40 миллати собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, сохтаанд ва имрӯз аксарияти ин миллатҳо дар шаҳр кор ва зидагӣ мекунанд. Аз ин хотир, ҳокимияти иҷроияи шаҳр ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида ва хоҳони он аст, ки ваҳдату дӯстӣ хамеша пойдор бошад.
== Сохтмони нерӯгоҳ ==
[[File:Нурекская ГЭС, Таджикистан.JPG|thumb|Нерӯгоҳи барқии обии Норак]]
Сатри 43:
 
==Маориф ва фарҳанг==
Имрӯз дар шаҳр маткабҳои миёна, литсей, коллеҷяи омӯзгорӣ, мактабҳои мусиқию расомӣ ва се боғчаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Беморхонаю дармонгоҳи замонави: ду нуқтаи тиббии деҳот, 9 дорухона дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Шаҳрвандон имконият доранд фароғати худро дар варзишгоҳ (дорои 1500 ҷой), 5 толори варзиш, 2 ҳавзи оббозӣ, қасри маданият (дорои 700 ҷой), 6 клуб, китобхонаи марказӣ, ки бо ташаббуси маҷалаи «Дружба народов» соли 1974 ташкил ёфта, дорои 161,5 ҳазор нусха китоб мебошад гузаронанд, 14 китобхонаи деҳот дар хизмати мардум аст. Автовакзали замонавӣ ва 2500 нуқтаи телефон низ дар хизмати аҳолист.
 
{{иқтибос|муаллиф=|Нораки ман нури шабҳои манӣ,|Гӯшаи сайру тамошои манӣ.|Ганҷи дунёро накардам орзу,|Нораки ман ганҷи дунёи манӣ.}}
Сатри 49:
==Минтақаи сайёҳӣ==
[[File:Norak,Lenina.jpg|thumb|Хиёбони марказӣ]]
Шаҳри Норак дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳонӣ хориҷӣ мусоидат менамояд. Табиати хос, кӯлу чашмаҳо ва оби ошомидании табобатӣ аз мавзеъҳои истироҳатӣ ҷолиби диққат буда, мавқеи махсусро дар рушди туризми кишвар ишғол намуда метавонад.
Дар шаҳр се меҳмонхонаи хусусӣ фаъолият мекунад, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Моҳе чор маротиба аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ба оромгоҳҳои бузургон, ки дар шаҳри Норак ҷойгиранд зиёда аз 300 нафар одамон барои зиёрат меоянд. Цисми зиёди меҳмонон аз нерӯгоҳҳои НБО–и Норак, Бойғозӣ, Обанбор дидан мекунанд.
Барои ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва ба нақшагирӣ дар самти туризм дар шаҳри Норак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Норак"