Милан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
х clean up using AWB
Сатри 21:
|Вақт=[[UTC]] +
}}
'''Милан''' ({{lang-it|Milano}} {{IPA|[miˈlaːno]}}, {{lang-la|Mediolanum}} — «дар маркази ҳамворӣ») — шаҳри мӯҳимтарини [[Итолиё|Итолиёи Шимолӣ]], Маркази маъмурии вилояти [[Ломбардия]], аз ҳама ноҳияи калонтарини [[Итолиё]], ва Милан (провинтсия).
Милан — дуюм шаҳри калонтарини [[Итолиё]] буда пойтахти моливу-иқтисодии [[Итолиё]] ва пойтахти ҷаҳон оиди муд (мода) ба ҳисоб меравад.
 
==Нишон==
Нишони имрӯзаи Милан салиби сӯрх дар заминаи нуқрагин аст. Ҳамин гуна салиб дар парчами Милан омадааст. Дар болои сипари нишон тоҷ ба монанди девори қалъа бо панҷ бурҷ ки барои нишонҳои шаҳрҳои [[Аврупо]] қабул шудааст (corona muralis), воқеъ дорад. Сипар бо гулчамбар иҳота шуда аз ду қисм иборат аст, яке шохаи дарахти ғор ва дигаре аз шохаи дарахти булут аст.
 
==Таърих==
Сатри 31:
Гумон аст, ки Миланро қабилаи келтҳои Итолиёи Шимолӣ бунёд кардаанд, тақрибан соли 600 п.м.<ref>Тит Ливий, История Рима от основания города, том=I, издательство Наука, (1989) страницы=263</ref> Пас аз запт кардани Милан аз ҷониби [[Рими Қадим|римиҳо]] номи шаҳро Медиолан (лот. Mediolanium или Mediolanum) ном карданд, тақрибан соли 222 п.м.
 
Дар асри IV милодӣ, дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Феодосий I, шаҳр бо Рим ва Равена рақобат мекард барои шаҳри марказӣ шудани шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ.
 
Дар соли 1045 Милан худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол (коммуна) эълон кард. Дар ин байн мубориза байни комуннаҳо сар зад барои соҳиби мансаб шудан дар Ломбардия бо ҳамин гуна коммунаҳо Павия, Кремона , Комо ва Лоди. Соли 1111 Лоди мағлуб гашт ва 16 сол пас аҳли милан Комо-ро ҳам шикаст доданд.
 
Бе ниҳоят пурзӯр гаштани аҳли Милан шоҳаншоҳ Фридрих Барбароссаро дар ташвиш андох ва ӯ бо аскарони худ вориди Итолиёи Шимолӣ шуд. Истиқлолияти Милан соли 1162 ба охир расид. Пас аз мӯҳосираи нӯҳмоҳа, шаҳр запт ва ғорат карда шуд аз ҷониби аскарони шоҳаншоҳ. Бошандагони шаҳр парешони деҳот шудан ва ҳама устувориҳое ки вуҷуд дошт, хароб гаштанд. Соли 1167 Милан аз нав бо қувваҳои иттиҳоди шаҳрҳои Ломбардия бунёд гашт. Бо кӯшиши якҷояи коммунаҳо, шоҳаншоҳро дар Леняно шикаст доданд (1176).
 
== Иқлим ==
Сатри 83:
 
==Адабиёт==
*Булдаков Г. Н., Лейбошиц Н. Я. Милан / Ленинградская организация ордена Ленина Союза архитекторов СССР. — Л.: Стройиздат. Ленингр. отд-ние, 1991. — 112 с. — (Города — побратимы Ленинграда).
 
==Сарчашма==
Сатри 90:
* [http://orel-reshka.net/1-sezon/14-orel-i-reshka-milan-italiya-24-04-2011.html Милан для туристов, видео]
* [http://www.inmilan.ru Милан — достопримечательности, фото, карта, погода]
 
 
{{Шаҳрҳои Итолиё}}
 
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Итолиё]]
[[Гурӯҳ:Милан]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Милан"