Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х clean up using AWB
Сатри 5:
 
{{аввали иқтибос}}Санҷиш хуб гузашту акнун мардум, тибқи анъанаҳои нави Ҳокимияти Шӯравӣ, омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки пойтахти тоҷиконро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, нигарон буданд. Дар вокзали тозабунёди [[Душанбе]] миёни ҳозирин, ки аксарият намояндагони ҳукумат буданду бояд маҷлиси тантанавӣ доир менамуданд, се ҷавони аврупоӣ, ки дар сар кулоҳи базеби чармин доштанд, ба кадом як кори барои аксарияти ҳозирин номаълум машғул буданд. Онҳо рӯйи саҳнаи вокзал чобукона гоҳ ин сӯву гоҳ он сӯ ҳаракат карда, сепояи калонеро дар ҷое муқаррар менамуданд, рӯи он кадом дастгоҳеро ниҳода, гӯшаки онро тоб медоданд. Баъд ҳамин корро боз дар гӯшаи дигар анҷом медоданд. Баногоҳ таваҷҷӯҳи ҳамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки ҳуштак кашида меомад. Ҳаяҷону хурсандӣ ва тааҷҷубу ҳайрат ҳадду канор надошт, чунки ба ин куҳан диёри дурдасте, ки ҳатто роҳи ҳамвораш хеле кам буд, бори аввал “аспи оҳанин” ё, ба истилоҳи дигари мардуми содалавҳ, “шайтон-ароба” меомад.{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Аз ҳозирини сари роҳи оҳан касе ба амали ҳайратовари се ҷавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваҷд омада гӯшаки қуттиашонро гӯё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду буғ бароварда дар назди майдончаи вокзал қарор гирифт... Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фаҳмиданд, ки ин се ҷавони аврупоӣ чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки {{аввали иқтибос}}«15 октябри соли 1929 – рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони Cоветӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд – ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани поезд шурӯъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомондаи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт.
==Ибтидо==
[[Акс:Rus Stamp-Yarmatov.gif|thumb|Rus Stamp-[[Комил Ёрматов]]]]
[[Акс:София Туйбоева.png|thumb|София Туйбоева]]
[[18 май]]и соли [[1930]] трести истеҳсоли филми “Тоҷиккино” ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Трест ҳанӯз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт. Ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои кӯҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд. Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару шутуру асп ва гоҳе, агар омад кунад, бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд ва филмҳо сохта, таърихи сарнавишти нави мардуми моро дар навор сабт мекарданд.
Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле соддаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
 
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти [[Комил Ёрматов]] сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад.[[«Муҳоҷир» (филм)|Филми «Муҳоҷир»]] (соли 1934 , коргардон [[Комил Ёрматов]]), барҷастатарин филми бадеии беовози [[тоҷик]] маҳсуб мешавад.
Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи [[Комил Ёрматов]] ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик [[София Тӯйбоева]] бозӣ кардаанд. Аз ин хотир таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз он давра ва аз он омил ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ – [[Комил Ёрматов]] (таҳиягар, филмноманавис, актер), [[София Тӯйбоева]] (актриса) [[Фирӯз Баҳор]] (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актерон), Қ.Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М.Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон рӯйи саҳнаи кино омаданд ва бо масъулияти том рӯзгори миллаташонро дар пардаи кино муаррифӣ карданд. Зимнан ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки саҳми бебаҳои кинематографистони рус ва халқҳои дигар дар таъсиси кинои тоҷик инкор шавад. Ин афрод дар тавлиди кинематографияи миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Аммо табиист, ки бунёдгари фарҳанги миллӣ ғолибан намояндагони худи ҳамон миллат шуда метавонистанд.
Маҳз ҳамин масъала боис шуд, ки баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид.
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «[[Тоҷикфилм]]» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кӯшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38 с.</ref>
Сатри 25:
Хусусан филмҳои
* Р. Перельштейн - [[Ман бо духтаре вохурдам (филм)|«Ман бо духтаре вохурдам»]] (ба заб. русӣ «Я встретил девушку»1957),
* [[Тоҳир Собиров]] - “Писар бояд зан гирад” (соли 1959), “Марги судхӯр” (соли 1966),
силсилаи “Афсонаҳои Шаҳрзод” (солҳои 1966, 1984, 1987), “Зане аз роҳи дур” (соли 1978),
“Вохӯрӣ дар дараи “марг” (соли 1980);
* [[Абдусалом Раҳимов]] - “Зумрад” (соли 1962), “Ситора дар тирашаб” (соли 1972);
* [[Анвар Тӯраев]] - “Духтари сеюм” (соли 1970), “Ишқи нахустини Насриддин” (соли 1977), “Дарди ишқ” (соли 1989);
* [[Марворид Қосимова]] - “Тобистони соли 43” (соли 1968), “Ҷӯра Саркор” (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз” (соли 1979);
* [[Сӯҳбат Ҳомидов]] - “Ривояти зиндони Павиак” (соли 1970);
* [[Марат Орифов]] - “Муҳосира” (соли 1977), “Қалби ман дар кӯҳсор” (соли 1966);
* [[Муқаддас Маҳмудов]] - “Қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи бачаҳое, ки...” (соли 1962), “Рояли сафед” (соли 1969);
* [[Давлат Худоназаров]] - “Субҳи нахустини ҷавонӣ” (соли 1979), “Марди роҳ” (соли 1982);
* [[Валерий Аҳадов]] - “Дарвеши ланг” (соли 1986), “Асрори оила” (соли 1983);
* [[Елизавета Кимёгарова]] - “Қиссаҳои Муки кӯчак” (соли 1983)
ба саҳифаи таърихи кинои тоҷик ҳамчун филмҳои беҳтарини давраи шӯравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Евгений Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми “Офтоби дурахшони биёбон” машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар “Тоҷикфилм” шурӯъ кардааст. Филме, ки ӯ таҳти унвони “Бачаҳои Помир” (соли 1963) ба навор гирифтааст, бо худ давраи нави гуяндагиро ҳам дар самти “забони филм” ва ҳам дар маҷмӯъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.<ref name="ReferenceA"/>