Қаламфур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 109.68.237.60 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
х clean up using AWB
Сатри 19:
}}
 
'''Қаламфур''' ({{lang-la|Cápsicum ánnuum}}), '''қаланфур''', '''қаламфул''', '''занҷабил''' — [[Гиёҳ|гиёҳестгиёҳ]]ест бисёрсола (дар шароити киштукор яксола).
 
== Тавсифоти ботаникӣ ==
[[Акс:Köhler's Medizinal-Pflanzen in naturgetreuen Abbildungen mit kurz erläuterndem Texte (Plate 127) (8231730035).jpg|thumb|220px|left|Қаламфури хурданӣ. Тасвири ботаникӣ аз китоби ''«Köhler’s Medizinal-Pflanzen»'', 1887]]
То 1 м қад мекашад. Пояаш рости сершох, баргаш байзашакл ё нештаршакли думчадор. Гулаш сафед, зард ё бунафш. Ҳосилаш сертухми бештар сурх, зард, норанҷӣ, бунафши сиёҳтоб.
 
== Паҳншавӣ ==
Қаламфур дар ноҳияҳои тропикии Америка худрӯй аст. Қаламфурро то милод ҳам парвариш мекарданд. Соли 1943 Колумб онро ба Испания овард ва зуд дар Аврупо маъмул гашт. Асри 16 қаламфурро дар дорухонаҳои Аврупо чун доруӣ мефурӯхтанд.
 
Дар собиқ [[СССРИҶШС]] асосан дар ноҳияҳои ҷануб мекоранд, вале дар минтақаҳои миёна ҳам нағз нашъунамо мекунад. Навъҳои маъмулаш «Украинии тез», «Астраханӣ-147», «Маргилонӣ-330».
 
== Истифодабарӣ ҳамчун хӯрданӣ ==
Сатри 34:
 
== Хосияти шифоӣ ==
Қаламфур гиёҳи доруист. Бино ба маълумоти [[Абӯалӣ Сино|Абӯалии Сино]] қаламфур давои иштиҳоовар, пешоброн буда, кори дилу меъдаро тақвият мебахшад, оруғ ва дамиши шикамро рафъ менамояд. Бо ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» [[Муҳаммад Аъзамхон]] (асри 19) қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои назла ва сурфа муфид аст. Табибони қадим истеъмоли қаламфурро барои бемориҳои [[Меъда|меъдавумеъда]]ву [[рӯда]], [[ҷигар]] ва [[гурда]] зараровар ҳисобидаанд.
 
Табибони халқӣ қаламфурро ба сифати давои арақовар ва иштиҳокушо кор мефармоянд. Қаламфури тару тозаро ба [[хасмол]], думбал ва ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
 
Дар тибби муосир қиёми спиртии қаламфур барои беҳтар сохтани фаъолияти узвҳои ҳозима ва чун доруи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Аз қаламфури сурх нақеъ, линимент, капсин, капситрин ва пластир тайёр мекунанд, ки ҳангоми невралгия, радикулит, миозит, люмбоишиалгия, дарди банду буғумҳо ба кор мераванд. Қаламфури ширинро барои муолиҷаи камхунӣ, зангила, бемадорӣ, авитаминоз, кушодани иштиҳо ва ҳазми хӯрок кор мефармоянд.
 
Ашхосе, ки бемории бавосир доранд, бояд аз истеъмоли қаламфур худдорӣ намоянд, зеро он мумкин аст боиси сӯзиши мақъад ва хуншорӣ гардад. Истеъмоли қаламфури тунд дар мавриди бемориҳои меъда, рӯда, хусусан захми меъда, амрози ҷигар (сирроз, гепатитҳои шадид ва музмин) ва гурда (нефрит ва нефрозҳои шадид ва музмин) низ зиён дорад.