Уқёнусшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Қисмҳои уқёнусшиносӣ: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
х →‎Мақсад: clean up using AWB
Сатри 4:
Мақсади асосии амалии уқёнусшиносӣ таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳаракатҳои рӯйиоби ва зериобии киштиҳо, истифодаи захираҳои биологӣ, минералӣ ва энергетикии обу қаъри уқёнус, инчунин такмили усулҳои пешгӯийи обу ҳаво мебошад. Уқёнусшиносӣ асосан бо масъалаҳои физика, химия, биология ва геологияи уқёнус машғул аст. Физикаи уқёнус қонуниятҳои таъсири мутақобилаи уқёнусу атмосфераро меомӯзад.
 
Ба он гидротермодинамика, акустика, оптикаи уқёнус, тадқиқи радиоактивият ва майдони электромагннтии уқёнус дохил мешаванд. Химияи уқёнус қонунняти мубодила ва тағйирёбии моддаҳои химиявии уқёнус, инчунин баланси химиявии онро муайян менамояд. Биологияи уқёнус бо омӯзиши мавҷудоти зиндаи уқёнус — планктон, нектон, бентос ва микроорганизмҳо, инчунин маҳсулнокии солонаи муҳимтарин намуди организмҳо, идора кардани маҳсулнокии биологии уқёнус машғул аст. Геологиян уқёнус қонунияти просессҳои геологиро дар қаър ва зери қаъри уқёнус ва ташаккулёбии конҳои маъданро муайян мекунад. Барои омӯзиш ва назорати уқёнусҳо ташкилотҳои байналхалқӣ, дар СССРИҶШС ва мамлакатҳои хориҷӣ муассисаҳои тадқиқоти илмӣ вуҷуд доранд.
== Қисмҳои уқёнусшиносӣ ==