Шириншо Шотемур: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB |
х clean up using AWB |
||
Сатри 40:
Дар семинария то с. 1921 таҳсил намуд. Вале он дар давраи шӯравӣ (аз с. [[1919]]) семинария не, балки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд.
Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи маи с. [[1921]] дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба
== Таъсиси рӯзномаи [[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|«Иди тоҷик»]] ==
Сатри 48:
Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ [[Ҳасан Ирфон]]ро масъули рӯзнома таъин кард. Устод [[Садриддин Айнӣ]], [[Нисор Муҳаммад]], [[Абдуқодир Муҳиддинов|А. Муҳиддинов]], С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи точикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард.
Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур якчанд фаъолони сиёсии точикро ҷамъ оварда мегӯяд: {{аввали иқтибос}}«Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунад. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».{{охири иқтибос|сарчашма=«Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990}}
Баъди 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ёдовар шуда мегӯяд: {{аввали иқтибос}}«Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зурур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод» {{охири иқтибос|сарчашма=К.Искандаров.Славный сын таджикского народа., Д.,1999, с.16}}.
Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад. Азбаски ӯ медонист, ки эҳтимолияти ҳалли масоили марбут ба мақоми тоҷикони Осиёи Миёна дар ҶМШС Туркистон камтар ҳалли худро пайдо мекунанд, ин арзро ба КМ РКП(б) СССР ирсол дошт.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=1674 Шириншоҳ Шоҳтемур: "Таъсиси рӯзнома бисёр зарур буд"]</ref>
Сатри 56:
== Хотира ==
Бори аввал Шириншоҳ дар деҳаи худаш ба яке аз хешовандони дураш издивоҷ кард. Маҳз баъди хамин издивоҷ байни ӯ ва намояндаи ГПУ Островский гап гурехт ва Островский ӯро сафи ҳизб хориҷ кард, ки дар ин бора қиссаи аҷибе аст. Вале Широншоҳ аз зани аввалааш зуд ҷудо шуд. Ситорааш рост наомад ё деги муҳаббаташон наҷӯшид, ё завҷааш бо ӯ Тошканд рафтан нахост, маълум нест. Аммо як чиз равшан ва аён аст, ки ходимони ҳизбию давлатиии он солҳо аз миллатҳои дигар мекушиданд, ки барои наздиктар шудан русҳомиллати ҳоким, беҳтар донистан урфу одат ва забони онҳо ва пайдо кардани наздикии қавмию зуд боло рафтан аз нардббони мансабу манзалат ва саҳми шахсӣ гузоштан дар "интернасионализми пролетарӣ" бо занхои рус издивоҷ намоянд. Шоҳтемур чунин фикрхоро дошт ё не, равшан нест. Издивоҷи дуввуми ӯ баъди ҳашт сол рух дод. Ин дафъа вай зани русро ҳамсари якумраи худ қарор дод. Дар бораи хаёти оилавии Шоҳтемуру Александра Михайловна Киселова бародари Александра – Прохор Михайлович ба мо маълумоти муфассал дод.
Ба хонаи Прохор - амак бо маслҳиати Давлат Худоназаров рафтем. Ба у пешаки занг задем. Сипас роҳбаладамон Рустам писари Шириншоҳ моро рост ба хона бурд. Муйсафедон Прохор Михайлович ва Анна Ивановна интизорамон буданд. Анна-хола дастурхонро бо таомҳои лазизи русӣ ороста буд. Хонаи Прохор хоксорона оро ёфтааст. Ягона чизе, ки дар хонаи у бисёр ба чашм мерасид, ин китоб аст, китобхое, ки барояшон дар ҷевон ҷо намондааст, дар тоқча ва руйи миз ҳам ғарам шудаанд. Рустам моро муарифӣ кард. Ҳамроҳам собиқ мудири бойгонии ҳизбии комитети вилоятии ҳизб Қамчибек Насиллобеков мақсади омаданамонро фаҳмонданӣ шуд. Сӯҳбат аз сари дастархон оғоз ёфт. Прохор ба сини 88 қадам монда бошад ҳам ҳануз бардаму боқувват ба назар мерасад. Аз ҳама муҳимаш хотираи ӯ хеле тоза аст. Ӯ рӯзҳо, таърихҳо, воқеот, одамонро равшан ёд дорад. Прохор шояд хеле бардаму нерӯмандтар мебуд, агар даҳ сол расоро дар маҳбасхои заҳдори сталинӣ сипарӣ намекард. Ӯро ҳам мисли хоҳараш М. Киселова ҳамсари Шириншоҳ барои алоқа ва наздикӣ доштан бо "душмани халқ" ва дигар рафторхои "зидди давлвтӣ" ба ҳабс гирифта буданд. Прохор дар оилаашон фарзанди панҷум буд. Фарзандонро асосан модарашон Евдокия - хола калон кард. Падарашон Михаил Киселев, ки ба оҳангарӣ шуғл варзида, дар яке аз заводҳои Москва кор мекард ва шӯҳрат ҳам дошт, ҳанӯз то инкилоб бо кадом сабабе оилаашро партофта, озими Кафкоз шуд ва дар ҳамон ҷо хонаводаи дигаре ташкил дод.
Ҷавонзани зебои аврупоие, ки дар тан либоси хоксорона дошт ва дар назди идораи ӯ бо марди деҳқонамое сӯҳбат мекард,
Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Шириншоҳ Шотемур: [[Абдуқодир Муҳиддинов]], [[Чинор Имомов]], [[Нусратулло Махсум]], [[Юлдош Охунбобоев]], [[Файзулло Хочаев]],[[Абдулло Раҳимбоев]], [[Икромов Акмал]], [[Абдуллоев Сайфулло]], [[Исмоилов Иброхим]], [[Анваров Саидаҳмад]], [[Мавлонбеков Аҳмадбек]], [[Абдураҳим Ҳоҷибоев]] буданд.
Сатри 63:
== Некдошт ==
* соли 2006, Шириншоҳ Шотемур яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон - [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] гардидааст;
* [[Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]] дар
* ба номи Шириншоҳ Шотемур якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
|