Зебо Аминзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 6:
{{!}}}
}}
'''Зебо Аминзода''' (''Аминзода Зебо Муҳиддиновна''; тав. [[3 октябр]]и [[соли 1948]], [[шаҳри Хуҷанд]], [[ҶШС Тоҷикистон]]) — раққоса ва балетмейстери тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1980]]). [[Ҳунарпешаи халқии ИҶШС]] ([[1986]]).
== Зиндагинома ==
Зебо Аминзода [[3 октябр]]и соли [[1948]] дар [[Хуҷанд|ш.Хуҷанд]] ба ҷаҳон омадааст. Духтари шоир ва танбӯрнавози чирадаст Муҳиддин Аминзода. Нозукиҳои рақсро аз модаркалонаш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Кароматхон Зокирова ва модараш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Ойдина Усмонова омӯхтааст.<ref name="ReferenceA">[[Ҷӯрахон Обидпур|Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 22. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2</ref>
Сатри 16:
Ӯ [[11 май]]и соли [[1979]] ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба ӯҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд. Солҳои [[1978]]—[[1993]] Зебо Аминзода — роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон<ref>[http://mmifs.tj/index.php/e-biblioteka/194-natsionalnye-artisty-baleta Национальные артисты балета]</ref>. Ӯ чунин рақсҳои дилчаспро ба саҳна ворид намудааст: «Ҷавонӣ», «Туёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Санам», «Боди сабо», «Дар чаман», «Муноҷот», «Вохӯрӣ» ва диг. Репертуари ансамбл аз рақсҳои халқии тоҷикӣ, афғонӣ, эронӣ, озарбойҷонӣ, русӣ, ҳиндӣ, уйғурӣ, ӯзбекӣ ва дигарҳо иборат буд. Ансамбли рақсии «Зебо» тайи якчанд сол на фақат дар [[Тоҷикистон]] балки дар ҳудуди собиқ [[ИҶШС]] ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли [[1986]] роҳбари он унвони фахрии [[Ҳунарпешаи халқии ИҶШС]] касб намуд.<ref>[http://gazeta.tj/dp/3958-tancevalnyj-ansambl-zebo-my-vo-vsex-okeanax-nozhki-obmochili.html Танцевальный ансамбль «Зебо»: «Мы во всех океанах ножки обмочили»» Медиа-холдинг "Чархи Гардун"]</ref>.
 
Солҳои [[1993]]—[[1996]] Зебо Аминзода — раиси Шӯрои координатсионии телерадиокомпанияи "Мир". Солҳои [[1996]]—[[2003]] — мушовири Раиси МТРК «Мир», Кумитаи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ (Межгосударственного экономического комитета Экономического союза [[СНГ]]) буд. Дар [[Маскав|ш. Москва]] истиқомат мекард.
 
[[Соли 2012]] Зебо Аминзода ба [[Тоҷикистон]] баргаштааст ва дар назди [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] дастаи рақсии кӯдаконаи "Зебо"-ро таъсис намудааст. Соли [[2014]] Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба [[Душанбе]] даъват карда шудааст. Ҳоло роҳбари бадеии ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] мебошад.<ref>ЗЕБО АМИНЗОДА БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ http://khovar.tj/culture/33595-zebo-aminzoda-ba-dushanbe-bargasht.html</ref> Ансамбли «Зебо» ҳоло машҳур шудааст. Зебо Аминзода [[Соли 2015]] бо якчанд раққосаҳои ансамбл ба [[Оман]] сафар карданд.
Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳмаш дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошад. Ӯ дар рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш идомадиҳандаи кори ӯ мебошанд. Дар давоми 55-соли фаъолияти ҳунариаш Зебо Аминзода шогирдонашро ба устодии рақс расонидааст.<ref>{{Cite web|url=http://safina.tj/|title=«Базми Зебо» дар Театри опера ва балет|author=|website=safina.tj|date=|publisher=2018-12-18|lang=tg|accessdate=2018-12-21}}</ref>
 
Аминзода дорои эҳсоси баланди дарки мусиқӣ ва маҳорати олии санъати рақсӣ буда, ҷиҳатҳои нозуки рақси миллии тоҷикиро ба воситаи иҷрои ҳаракатҳои мавзун ифода кардааст. Аминзода унсурҳои балети классикиро бо рақси миллӣ ва халқӣ устокорона омезиш дода, ба бозёфтҳои тоза муваффақ шудааст. Рақсҳои бисёркасаи таҳия намудааш пурмаъно, дилчаспу хотирмон буданд. Рақсҳои «Вохӯрӣ», «Санам», «Ҷавонӣ», «Туйёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Дар чаман», «Муноҷот», «Орзу» ва ғ. аз бозёфтҳои тозаи санъати Аминзода мебошанд.
Аминзода ҳамчунин дар чандин спектаклҳо («Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Ашрофпараст»-и Ж. Молер, «Рамаяна»-и Н. Гусева, «Лӯлидухтар Аза» ва ғ.) нақшҳои асосиро (бо рақсаш) бозидааст. А. ба бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дунё: Афғонистон (1966, 1972, 1981, 1984), Булғория (1968), Англия (1981), Шри-Ланка (1978), Тунис (1981), Ҷопон (1984), Испания (1986) сафари ҳунарӣ намудааст. Дорандаи ҷоизаи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар София (1968), Мукофоти Комсомолии Ленинии Тоҷикистон (1968) ва умумииттифоқ (1982, ҳамроҳи ансамбли «Зебо»). Бо медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок», ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.<ref name="ReferenceA"/>