Лайлӣ ва Маҷнун (балет): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х clean up using AWB
Сатри 1:
{{мазмунҳо}}
'''Балети «Лайлӣ ва Маҷнун»''' — яке аз аввалин балетҳои тоҷик буда, мусиқии онро композитор [[Сергей Баласанян]] навиштааст. Аз 4 парда ва 6 намоиш иборат буда, дар асоси достони Низомии Ганҷавӣ офарида шудааст (Либретои С. А. Сенин). Ба қавли Н. Нурҷонов: {{аввали иқтибос}}«Дар балет таърихи муҳаббати фоҷиавии ду дилбохтаи ҷавон ҳамчун драмаи характерҳо, мисли таронаи ишқи поку эҳсоси баланд намоиш дода мешавад. Лайлӣ ва Маҷнун ба якдигар вафодор буда, ба тақдирашон тан намедиҳанд ва ҳалок мегарданд. Мусиқии асар мутаносибӣ ва амалиёти пуртазоди саҳнавӣ дошта, бо услуби оркестриаш фарқ мекунад».{{охири иқтибос|сарчашма= [[Низом Нурҷонов]]}} «Лайлӣ ва Маҷнун» бори аввал [[7 ноябр]]и с. [[1947]] дар саҳнаи [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ| Театри давлатии опера ва балети тоҷик]] гузошта шудааст. Балетмейстер [[Ғаффор Валаматзода]], дирижёр Л. Левин, рассом Е. Чемодуров; дар нақшҳо: Лайлӣ – [[Лутфи Зоҳидова |Л. Зоҳидова]], Маҷнун (Қайс) – М. Қобилов, Ибни Салом – [[Рафаэл Толмасов]], Навфал – М. Ҳасанов. Мукофти давлатии СССР – [[Сергей Баласанян| С. Баласанян]], [[Ғаффор Валаматзода|Ғ. Валаматзода]] , Е. Чемодуров, [[Лутфи Зоҳидова |Л. Зоҳидова]], М. Қобилов. Таҳрир ва таҳияи нави балети мазкур боз дар ҳамин театр [[15 март]]и с. [[1957]] баргузор гардид. Таҳрири нав иборат аз 3 парда, 22 дек. 1961 дар Театри Калони Москва гузошта шудааст. Либреттои К. Голейзовский ва С. Сенин, балетмайстер – К Голейзовский, дирижёр – Жюрайтес, рассом – Г. Епишин. Дар ролҳо: Лайлӣ – Р. Стручкова, Н. Бесметрнова, Маҷнун (Қайс) – В. Василев, Ибни Салом – В. Левашов. «Лайлӣ ва Маҷнун» бо таҳрири нав иборат аз 3 парда боз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ [[12 март]]и [[1970]] гузошта шуд. Балетмейстер – Н. Конюс, дирижёр – Э. Айрапетянс. Дар ролҳо: Лайлӣ – [[Малика Собирова]], [[Бозгул Исоева]], [[Татяна Холова]], Маҷнун (Қайс) – [[Музаффар Бурҳонов]], [[Қурбон Холов]] ва ғ. Соли 1977 дар вақти сафари ҳунарии ҳайати балети театр дар ш. Куопио (Финландия) ва с.–ҳои 1978-79 дар Сингапур, Тайланд, Малайзия, Ҳиндустон ва Покистон намоиш дода шуд. «Лайлӣ ва Маҷнун» дар саҳнаи Театрҳои Самарқанд, Ереван ва диг. шаҳрҳо гузошта шудааст. С. 1960 ба навор гирифта шуд (балетмейстер Ғ. Валаматзода, режисёр Т. Березансева). Матни нотавии «Лайлӣ ва Маҷнун» с. 1969 дар нашриёти «Музгиз»-и ш Москва чоп шудааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 208-209 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Намоишномаҳои театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]]