Паразитология: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Сатри 1:
[[File:California fish and game (19891706234).jpg|thumb|right|282px|]]
 
'''Паразитология''' ({{lang-el|παράσιτολογία}}; аз {{lang-grc|παράσιτος}} «[[паразит]]» + {{lang-grc2|[[логос|λόγος]]}} «дониш, [[илм]]») — илми [[Биология|биологии]] комплексиест, ки зуҳуроти [[Паразитизм|паразитизмипаразитизм]]и [[Оламиолами ҳайвонот|олами ҳайвонотро]]ро ҳаматарафа меомӯзад.
 
== Илми паразитология ==
Сатри 18:
 
== Тадқиқи паразитҳо ==
Тадқиқи паразитҳо, ки бештари онҳо ба таҳаввулоти гурӯҳҳои муайяни ҳомил зич алоқаманданд, барои муайян кардани филогения ва роҳҳои ташаккули фаунаи ҳомил маълумоти муҳим медиҳад. Дар паразитологияии замони ҳозира проблемаи махсусият, яъне ба як ҳомили муайян ё як гурӯҳи ҳомилои (муҳити зист) мутобиқ шудани паразитҳо аҳамияти калон пайдо мекунад, чунончи, паразити якхҳҷаира (Leishmania tropica) танҳо дар ҳуҷайраҳои сафеди хун (лейкотситҳо), эндотелияи рагчаҳои пӯсти одам зиндагӣ карда, касалии лейшманиози пӯст (пашшахурда, ҷароҳати пендинӣ, ҷароҳати бағдодӣ)-ро ба вуҷуд меорад. Паразитҳое мавҷуданд, ки фақат дар организми ҳомил зиндагӣ карда метавонанд, масалан, паразитҳои хуни одам Plasmodium vivax, Pl.falciparum, Pl. Tropica , ки онҳоро паразитҳои хоси маҳдуд меноманд.
 
Паразитҳое ҳастанд, ки ҳомили бисёр доранд — дар ҷинсҳо, оилаҳо ва ҳатто қаторҳои ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Ин гу­на паразитҳо (аз қабили кайк, хармагас, канаи иксодӣ ва ғайра) ҳамроҳи соҳиби худ, яъне ҳомиле. ки барояшон муҳити зист аст, дар рӯи за­мин паҳн шуда метавонанд. Муҳити зисти паразит ду хел мешавад: му­ҳити дараҷаи аввал — организми ҳомил, муҳити дараҷаи дуюм — муҳите, ки нисбат ба ҳомили паразит таъсири беруна ҳисоб меёбад. Мувофиқи ақидаӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел, таъсири беруна ба па­разит тавассути муҳити дараҷаи ав­вал, яъне ба воситаи организми ҳо­мил мегузарад. Мушоҳидаҳои В. А. Догел нишон доданд, ки паразитҳои организм аз таъсири беруна тағйир меёбанд, Вазъи физиологии организми ҳомил низ дар тағйири таркиби онон аҳамияти калон дорад. Асосгузорони равияӣ Паразитологияи экологӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел , мебошанд.
 
Дар ҳар як организм паразитҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Чунончи, паразитҳои якҳуҷайра дар хун,. руӯда, паразитҳои паҳнкирм дар ҷигар, рӯда, паразитҳои гирдкирм дар майнаи сар, гурда, чашм, таҳти пӯст ва ғайра дучор мешаванд. Маҷмӯи паразитҳои организми ҳомилро паразитосеноз меноманд. Таркиби паразитотсеноз вобаста ба дигаргуншавии шароити беруна ва ҳолати физиологии организми ҳомил тағйир меёбад. Таркиби паразитотсенози ҳайвони алафхур аз дарранда фарқ мекунад.
Сатри 36:
 
== Тадқиқоти па­разитологӣ дар Тоҷикистон ==
Дар Тоҷикистон ба тадқиқоти па­разитологӣ олими барҷастаи рус Е. Н. Павловский бунёд гузошта аст. Маълум аст, ки оид ба муборизаи зидди паразитҳои одам (ришта, киҷҷа, пашшаҳои хунмак ва ғайра) бо­ри аввал Абӯалӣ Сино тавсияҳо пешниҳод кардааст. Илми Паразитология бошад, дар РССҶШС Тоҷикистон танҳо баъд аз омадани экспедитсияи паразитологии Е. Н. Павловский (1928) ба вуҷуд омад ва равнақ ёфт. Е. Н. Павловский бо шогирдонаш барномаи васеи тадқиқоти паразитҳои одам ва ҳайвоноти хонагиро пешниҳод кард ва барои амалӣ гардонидани он соли1932 дар Душанбе Ст. параэвтологӣ ташкил намуд, Худи ҳамон сол дар Душанбе Институти тадқиқоти илмии безгак (вараҷа) таъсис ёфт. Соли 1934 Ст. паразитологӣ бо ташаббуси Е. Н. Павловский ба сектори зоология ва паразитологияи Базаи тоҷикистонни АФ СССР ва соли 1941 ба Институти зоология ва паразито­логия табдил ёфт. Соли 1951 ин институт ба ҳайати муассисаҳои илмии шӯъбаи биологии АФ РССҶШС Тоҷикистон дохил гардид.
 
Соли 1954 ба ин институт номи Е. Н. Пав­ловский дода шуд. Дар Институти зооло­гия ва паразитологияи АФ РССҶШС Тоҷикистон, шӯъбаи махсуси Паразитология мавҷуд аст, ки ходимони илмии он дар соҳаҳои гуногуни Паразитология тадқиқот мегузаронанд. Дар (омӯхтали паразитҳои одам ва ҳайвонот ходимони илмии кафедраҳои зоологияи УДТ ба номи В. И. Ленин, Институти давлатии педагогии Душанбе, Институти давлатии педагогии Ленинобод, Институти тадқиқоти илмии ветеринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи РССҶШС Тоҷикистон низ кори илмӣ мебаранд. Дар РОС Тоҷикистон шӯъбаи республикавии Ҷамъияти умуиииттифоққи протозоологҳо низ мавҷуд аст.
 
Олимони мо асосан паразитҳои моҳии обанборҳо, паҳнкирмҳои паррандаҳо, паразитҳои гов (гелминтология), тейлориозҳо ва коктсидиозҳо, плазмодияҳои паррандаҳо, эктопаразитҳои ҳайвоноти ширхор ва паррандаҳои республикаро тадқиқ мекунанд.
Сатри 51:
== Сарчашма ==
{{ЭСТ}}
 
[[Гурӯҳ:Паразитология]]