Икромиддин Муҳиддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 6:
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = {{СанаиТаваллуд|6|02|1933}}
| зодгоҳ = {{Зодгоҳ| Қурғонтеппа |шаҳри Қурғонтеппа }}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССРИҶШС]]
|шаҳрвандӣ = {{Парчами Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]
|таърихи маргдаргузашт = 17.09.2010
|маҳалли маргдаргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|фазои илмӣ = [[таърих]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]], [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
Сатри 28:
'''Икромиддин Муҳиддинов''' - [[олим]], мардумшинос, [[доктори илм]]ҳои таърих, [[профессор]].
==Зиндагинома==
Икромиддин Муҳиддинов [[6 феврал]]и [[соли 1933]] дар собиқ колхози ба номи В.И. Ленини шаҳри Қурғонтеппа дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ӯ аз омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қурғонтеппа сар шуд ва онро соли 1952 бо дипломи «аъло» хатм намуд. Ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]] дохил шуда, ин макони илму маърифатро низ бо сарбаландӣ хатм намуд. Ҳанӯз аз соли 1953 дар айёми донишҷӯӣ дар ҳайати экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ба Қалъаи Хумб сафар дошта, Пас аз хатми Донишшгоҳ соли 1957 ӯро ба сифати лаборанти калон дар Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ба кор қабул карданд. Соли 1958 ходими илмии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] гашта, соли 1959 ба шуъбаи аспирантураи Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] дохил шуд. Зери роҳбарии олими шинохта ва мардумшиноси беҳамто Н.А. Кислякова, Икромиддин Муҳиддинов ба омӯзиши масъалаҳои зираткории мардуми Вахону Ишкошим машғул шуда, Аз соли 1985 то соли 1990 ба сифати мудири сектори этнографияи Институти таърихи ба номи А. Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] фаъолият дошта, аз соли 1994 то рӯзҳои охири умраш профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] буд. Икромиддин Муҳиддинов [[17 сентябр]]и [[соли 2010]] чашм аз дунёи ҳастӣ пӯшид.
==Фаъолияти илмӣ==
Икромиддин Муҳиддинов фаъолияти илмиашро дар самти мардумшиносӣ оғоз намуда, ҳамроҳ бо олимони маъруф А.К. Писарчик, З. Широкова, М. Раҳимов, Н. Нурҷонов ба тадқиқи расму оин ва урфу одати мардумони Помир ошно гашт. Соли 1972 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Зироаткории тоҷикони Вахону Ишкошим дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» дар шаҳри Ленинград (Санкт-Петарбург) ҳимоя кард. Дар таърихи мардумшиносии тоҷик коршиноси нав рӯи кор омада, аз баракати фаъолияти пурсамари ӯ тадқиқот дар самти зироаткорию обёрикунӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти моддии мардум ранги дигар гирифт. Сафарҳои зиёди корӣ, мушоҳидаю назорат ва қайдҳо, омӯзишу пажӯҳиш ба ӯ имкон доданд, ки ҷаҳонбинии хешро васеъ намуда, маълумоти пурарзишро ба гардиши илмӣ ворид намояд. Ин буд, ки соли 1985 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои этнографии зироаткории баландкӯҳи Помири Ғарбӣ ва мавзеъҳои он дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» дар шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Ба қалами Икромиддин Муҳиддинов 4-монография, беш аз 100-мақола дар риштаи мардумшиносӣ тааллуқ дошта, теъдоди зиёди онҳо дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон, собиқ СССР ва соири кишварҳои хориҷ чоп шудаанд.
== Манобеъ ==
* Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.