Энергетикаи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

х
clean up using AWB
(→‎Таърих: илова)
х (clean up using AWB)
Истифодабари нерӯҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташклёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924-1928) оғоз ёфтааст. Дар асоси нақшаи ГОЭЛРОИ СССР (бо ташаббуси В.И. Ленин) аввалин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе (с. 1926, 78 кВт) ва (с. 1928, 48 кВт) ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб - 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳаз. кВт ба кор даромад. Силсилаи НБО-и [[Варзоб]] (НБО Варзоб-1 (с. 1937), НБО Варзоб-2 (с. 1949) ва НБО Варзоб-3 (с. 1952)) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт., дар дарёи Варзоб низ сохта шуданд. Соли 2006 дар инҷо корҳои тармим гузаронида шудааст.
Дар солҳои 30-ум сохтмони нерӯгоҳҳои ноҳиявӣ давом мекард, ҳамагӣ 121 НБО-и хурд ба истифода дода шуд. Соли 1946 [[НБО Хоруғ]] ба истифода дода шуд. Асосан 1949 – 1958 дар деҳоту колхозҳо нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ва 9 НБО-и хурд ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми иқтидорашлн 6630 кВт-ро ташкил мекард.
7 апрели соли 1956 маҷрои [[Сирдарё]] дар шимоли Тоҷикистон баста шуд ва сохтумони [[НБО Қайроққум]] – бо иқтидори 126 МВт, сар шуд, ки [[13 апрел]]и [[соли 1960]] ба истифода дода шуд. Минбаъд, [[НБО Шаршара]] ([[1959]]) – бо иқтидори 29,9 МВт, [[НБО Сарбанд]] ([[1063]]) – бо иқтидори 240 МВт, [[НБО Марказӣ]] ([[1964]]) – бо иқтидори 15,1 МВт, дар дарёи Вахш сохта шудаанд.<ref name="tnu.tj">[http://www.tnu.tj/Dissertatsii/KholovAI.pdf ХОЛОВ АХЛИДДИН ИБОДУЛЛОЕВИЧ Освоение гидроэнергетических ресурсов Таджикистана в годы независимости (1991 – 2014гг.) Диссертация - Душанбе, 2015]</ref>
 
Соли 1957 таҳқиқи [[дарёи Вахш]] барои сохтмони бузургтарин [[НБО Норак]] – бо иқтидори 3000 МВт, сар шуд ва соли 1960 сохтмон шурӯъ гардид. Агрегати нахустини [[НБО Норак]]
[[16 ноябр]]и [[1972]] ва арегати 9 [[30 сентябр]]и [[соли 1979]] ба истифода дода шуд. Аввалин хати барқии баландиқтидор ЛЭП-500 [[НБО Норак]]-ро бо Корхонаи арзизи Регар пайваст намуд. Солҳои 80-ум [[НБО Бойғозӣ]]– бо иқтидори 600 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.
 
Дар замони истиқлолияти [[Тоҷикистон]] бо ҳамкориву маблағгузориҳои [[Русия]] ва [[Эрон]] [[НБО Сангтӯда – 1]] – бо иқтидори 670 МВт ва [[НБО Сангтӯда-2]] - бо иқтидори 220 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шудаанд.<ref>[http://www. name="tnu.tj"/Dissertatsii/KholovAI.pdf ХОЛОВ АХЛИДДИН ИБОДУЛЛОЕВИЧ Освоение гидроэнергетических ресурсов Таджикистана в годы независимости (1991 – 2014гг.) Диссертация - Душанбе, 2015]</ref>
 
 
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
1.10. [[Нерӯгоҳи Помир-1]]
 
1.11. [[Нерӯгоҳи барқи обии Роғун]] - [[16 ноябр]]и [[соли 2018]] агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст.<ref>{{Cite web|url=http://www.president.tj/node/18897|title=Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”|author=|website=president.tj|date=2018-11-16|publisher= |lang=tg|accessdate=2018-12-27}}</ref>
 
1.12. Силсилаи НБО — и хурд:
Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил мекард.
 
Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май соли оянда давом мекард. Дар ин мӯҳлат бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шахру нохияҳои ғайри пойтахт — ш.шаҳри [[Душанбе]], якчанд сол аст (аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то соли 2016), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда шуда буд. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонид. Аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
Президенти Тоыикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми [Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ|Созмони ҳамкории иқтисодӣ], ки [[1 март]]и [[соли 2017]] дар шаҳри [[Исломобод]] баргузор гардид, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд. Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то ''527 миллиард киловатт-соат неруи барқ''-и аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешаваду халос. Ва ин дар ҳолатест, ки талаботи бозори энергетикии минтақаи фарохи созмон ба неруи барқ рӯ ба афзоиш аст.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2017/03/az-r-i-foizi-iste-soli-energiyai-sabz-to-ikiston-dar-atori-shash-kishvari-peshsafi-sajyora-aror-dorad|title=Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон]] ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз [[Осиёи Марказӣ]] додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт.
 
[[20 март]]и [[соли 2019]] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.
 
[[23 август]]и [[соли 2019]] ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
[[20 март]]и [[соли 2019]] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.
 
[[23 август]]и [[соли 2019]] ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
[[9 сентябр]]и [[соли 2019]] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/09/marosimi-ba-kor-darovardani-agregati-duyumi-nerugo-i-bar-i-obii-ro-un/|title=Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-24}} </ref>
Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. <ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
[[20 январ]]и [[соли 2020]] [https://sputnik-tj.com/docs/about/index.html Оҷонсии иттилоотии Sputnik] гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои [[НБО Роғун|Неругоҳи барқи обии “Роғун”]] ва Корхонаи воҳиди давлатии “[[Ширкати Алюминийи Тоҷик]]” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “[[Ширкати Алюминийи Тоҷик]]” хусусӣ гардонида намешаванд”.<ref> {{Cite web|url=https://sputnik-tj.com/industry/20200120/1030566842/Ijozati-khususi-kardani-Rogun-va-Talko.html|title=Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд|author=|website=www.sputnik-tj.com|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-01-22}} </ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Энергетикаи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон]]