Баён Раҳимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 6:
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 4.11.1928
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Сарихосор}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССРИҶШС]]
|таърихи маргдаргузашт = номаълум
|шаҳрвандӣ = {{Парчам| Тоҷикистон}}
|маҳалли маргдаргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|фазои илмӣ = [[педагогика]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
Сатри 18:
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|ҷоизаҳо = медали «Барои меҳнати шоён» (1985), унвони «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1990), нишони «Барои комёбиҳои барҷаста дар кор» (1998)
|имзо =
|бари имзо =
Сатри 26:
}}
 
'''Баён Раҳимов''' (тав. 4.11.1928, деҳаи Якатути ноҳияи Сарихосор), педагоги маъруфи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1962), [[профессор]] (1990).
== Зиндагинома ==
Соли 1945 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлобро хатм намудааст. Солҳои 1945–1947 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи дусолаи муаллимии ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1947–1950 дар мактаби 7-солаи ба номи Молотов ва мактаби 7-солаи ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Сарихосор кор карда, ҳамзамон вазифаи методист ва мудири шӯъбаи маорифи ноҳияро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1950–1953 муаллими факултети табиатшиносӣ ва географияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]], 1953–1954 аспирант, 1954–1955 лаборанти калон, 1955–1958 ассистент, 1958–1970 муаллими калон ва аз соли 1970 дотсенти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1970–1974 ҳамчун мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, 1976–1981 мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, 1987–1998 декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз профессор ва мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] мебошад.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Муаллифи зиёда аз 52 монография, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, китобчаҳои оммавӣ ва 100 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои беҳдошти кори таълиму тарбия дар мактабҳои олии педагогӣ, афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик (асрҳои Х-ХХ), педагогикаи ниёгон, педагогҳои барҷастаи хориҷӣ ва собиқ шӯравӣ, тарбияи бачагони синни хурди мактабӣ дар оилаву мактаб, ҳамкории мактабу оила ва тарбияи ҷавонон кори илмӣ бурдааст. Зиёда аз 62 баромади ӯ дар фонди садо ва симои ҷумҳурӣ сабт ёфтаанд. Бо роҳбарии ӯ 13 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Солҳои 1970–1990 аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маълумоти олии ИҶШС доир ба педагогикаи мактаби олӣ буд. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Иваново, Владимир, Суздал, Уффа, Будапешт ва Душанбе бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
== Ҷоизаҳо ==
Хизматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1990), медали «Барои меҳнати шоён» (1985), нишони «Барои комёбиҳои барҷаста дар кор» (1998) ва чандин ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.
== Осор ==
Кори мактаб бо падару модарони синфҳои ибтидоӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Сталинобод, 1959; Таълимоти К.Маркс ва Ф.Энгелс дар бораи тарбия, Сталинобод, 1959; Назарияҳои педагогии И.Г. Песталотсси, Д., 1960; Назаряҳои педагогии Ян Амос Коменский, Д., 1960; Тарбия намудани малака ва одатҳои рафтори маданӣ дар бачагони синни хурди мактабӣ дар оила, Д., 1961; Ҳама ба ин ҷавобгар аст, Д., 1968; Системаи педагогии А.С. Макаренко, Д., 1982; Роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии таълим дар донишкадаҳои олӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1986; Педагоги бузург А.С. Макаренко, Д., 1988; А.С. Макаренко дар бораи таълиму тарбия, Д., 1991; Кори мустақилонаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олии омӯзгорӣ(бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991; Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1994; Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик, Д., 2008.
== Пайвандҳо ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]