Абдуқаюм Қодиров: Тафовут байни таҳрирҳо

х
clean up using AWB
х (→‎top: ислоҳ using AWB)
х (clean up using AWB)
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 30.11.1923
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Хуҷанд|шаҳри Хуҷанд}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССРИҶШС]]
|таърихи маргдаргузашт = 13.04.1988
|шаҳрвандӣ = {{Парчам| Тоҷикистон}}
|маҳалли маргдаргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|фазои илмӣ = [[педагогика]]
|ҷойҳои кор = Донишкадаи омӯзгории ш. Бухоро, [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
'''Абдуқаюм Қодиров''' (тав. 30.11.1923, ш. Хуҷанд – ваф. 13.04.1988, ш. Душанбе), риёзидон ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1968), дотсент (1971).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1941–1946 ҳамчун мудири қисми таълими мактаби ибтидоӣ, директори мактаби ибтидоӣ ва мудири маорифи ноҳияи Ромит кор кардааст. Солҳои 1946–1949 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Аз соли 1949 то охири ҳаёташ аз вазифаи ассистент то ба дотсенти кафедраи методикаи таълими математика дар донишкадаи омӯзгории пойтахт фаъолият кардааст. Солҳои 1970–1971 вазифаи декани факултети математика, 1971–1977, 1982–1988 мудири кафедраи методикаи таълими математика, мудири кафедраи синфҳои ибтидоӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкадаи омӯзгориро дар [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]] ба ӯҳда дошт. Ҳамчун олими соҳаи таърихи математика оид ба назария ва амалияи тақсими мерос чун яке аз сарчашмаҳои рушди дониши математикӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик кори илмӣ бурдааст. То охири умр ба таҳияи китоби «Инкишофи математика дар Осиёи Марказӣ» машғул буд, аммо марг имкон надод онро ба охир расонад. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», нишони «Муваффақиятҳои аъло дар кор», медали «Барои меҳнати шоён», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
== Осор ==
* Аз таърихи инкишофи математикаи Осиёи Марказӣ (асрҳои IX-XV), Д., 2004;
* Назария ва амалияи тақсими мерос ҳамчун манбаи инкишофи математика дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ //Вопросы истории и методики элементарной математики. Вып. 3, Д., 1967;
* Ҳалли муодилаҳои номуайяни ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1968;
* Дар бораи арифметикаи ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1969; Нисбат ва таносуб // Мактаби советӣ, № 8, 1973.
== Пайвандҳо ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]