Абдухолиқ Набавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ, викисозӣ
х clean up using AWB
Сатри 6:
|тасвир = [[Акс:Абдухолик Набиев.jpg|thumb|Абдухолиқ Набиев]]
|тавсифи тасвир = Абдухолиқ Набавӣ
|санаитаърихи таваллуд = 20.11.1946
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Айнӣ| Айнӣ}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССРИҶШС]]
|шаҳрвандӣ = {{парчам|Тоҷикистон}}
|навъи фаъолият = [[филолог]]
Сатри 20:
Аз соли 1984 то ба ҳол ходими калон ва сипас ходими пешбари илмии <ref>[https://www.anrt.tj/tj/instit-oi-tad-i-ot/sh-bai-ilm-oi-am-iyatshinos/instituti-zabon-adabijot-shar-shinos-va-merosi-khattii-ba-nomi-r-dak Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон]</ref> мебошад. Соли 1984 узви Иттиҳодияи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар айни замон узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] мебошад. Мақолоту пажӯҳишҳояш риштаҳои таърихи рушду камоли адабиёти муосир, насри реалистӣ (воқеъгароёна), равоншинохтии ҳунарӣ, масъалаҳои назму драматургия, таърихи ташаккули нақди адабӣ ва илми суханшиосии (филологияи) тоҷикро фаро гирифтаанд.
Ибтидои фаъолияти илмиву эҷодии ӯ ба охири солҳои шастум (1969) рост меояд. Дар баробари тадрис ва таълим дар донишгоҳ, бо ҳидояти устод [[Раҳим Ҷалил]] ва ба тақозои пешаи ноқиди адабӣ, хеле солҳо бо шӯъбаи Ленинободии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, дар таҳлилу баррасӣ ва нақди осор ва ташаккули ҳунариву назарии аҳли нақду адаби ин минтақа, мисли [[Қурбон Алӣ]], Маҳкам Пӯлод, Фарзона, [[Нурмуҳаммад Ниёзӣ]], Норинисо, [[Носирҷон Салимов]], [[Абдувалӣ Давронов]], Мавлуда Шарифова, Аҳмадҷон Раҳматзода, Мӯҳсин Аминзода, Ғайрат Ҳаким, Равшани Ҳамроҳ, Мирзо Мавлон, Давлатшоҳ, Сироҷиддини Шарофиддин ва дигарон саҳм гирифтааст. Дар курс-конференсияҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон (солҳои 1977, 1981, 1983 дар шаҳри [[Хуҷанд]] ва [[Душанбе]]) иштироки фаъолона дошт.
Дар ҳамин солҳо ӯ ба нақди адабӣ машғул гардида, бо мақолаву тақризҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд баромад мекунад ва яке аз иштирокдорони асосии баҳсҳои адабӣ бахшида ба вазъи шеър (1975) ва насри муосири тоҷик (1973, 1985) мебошад.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Абдухолиқ Набавӣ яке аз ноқидони фаъоли адабиёти тоҷик ба шумор меояд. То ба имрӯз зиёда аз 350 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф намудааст. Бештари ин мақолаҳо хусусияти илмӣ-интиқодӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии шахси инсон дар адабиёти муосир, ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ (психологизм) ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ, ғанои шаклӣ, поэтика ва сабки нигориш, тазоҳуру ташаккули фардияти эҷодӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Рӯзгор ва осори адибони тоҷикӣ, амсоли устод [[Садриддин Айнӣ]], [[Ҷалол Икромӣ]], [[Сотим Улуғзода]], [[Мирзо Турсунзода]], [[Раҳим Ҷалил]], [[Пӯлод Толис]], [[Фазлиддин Муҳаммадиев]], [[Ҷумъа Одинаев]], [[Ӯрун Кӯҳзод]], Сорбон, [[Муҳиддин Хоҷаев]], [[Саттор Турсун]], [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]], Атохон Сайфуллоев, Аскар Ҳакимов ва як гурҷӯҳ нависандагони ҷавон маводи асарҳои илмиву танҷқидии ӯро ташкил кардаанд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми нақднависии А. Набавӣ дар он зоҳир мешавад, ки бо таваҷҷҷӯҳ ба ҷанбаи эстетикӣ ва ҳунарии осори адибон ба вуруди истеъдодҳои нави тозанигоҳ ва равандҳои нави адабӣ дар адабиёт даст меёбад. Аз ҷумла, мақолаи ӯ «Умеду ояндаи наср» (1986), ки ба хасоиси ба куллӣ нав ва тозаназарии насли ҷавони насрнависони тоҷик бахшида шуда буд, таъкиду ишораҳое дар бораи ба зуҳур расидани насри нави зеҳниро дар бар мегирифт ва мунаққид аз падидае чун диду сабки тозаи нависандагоне чун Баҳманёр, [[Муҳаммадзамони Солеҳ]], Сайф Раҳимзод, [[Ҷонибеки Акобир]], Тоҳири Муҳаммадризо, Абӯвайси Азиз сухан ба миён овард. Дар мақолаҳои минбаъдааш ташаккули истеъдод ва ибтикороти адабии ин насл ва хасоиси насри нав (модерн)-ро мавриди пажӯҳиш қарор дод. Нахустин истиқболи гарм ба осори Муаззама – ин адибаи бармаҳал фавтида ва истеъдоди тавонои вай низ дар мақолаи мазкури Абдухолиқ Набавӣ изҳор шуда буд.
Таълифоти Набавӣ, мисли ҳамаи аҳли нақду адаби тоҷики замони шӯравӣ аз меъёри зебоишиносии ба он замон хос таълиф шудаанд. Аммо ӯ аз мунаққидонест, ки кӯшидаанд то ба осори адабӣ аз меъёри фарогирии масъалаҳои башардӯстонаву ахлоқӣ ва савияи ҳунарӣ баҳо дода бошанд. Бахусус, дар ҳимоя ва дастгирии адибони аз ҷониби ҳизбия ва доираҳои расмӣ «задашуда» ё номақбул кӯтоҳӣ накардааст ва дар бораи румони [[Ҷумъа Одина]] «Гузашти айём» («Назари ибратбини нависанда», 1978), эҷодиёти С. Улуғзода, Сорбон, [[Муҳаммадзамони Солеҳ]] ва дигарон, ки нақди ҳизбӣ ва касбии сиёсатгаро ба сифати осори «зиёновар» маҳкум ва мазаммат ва нодида гирифта мешуданд, мақолаҳо навишта, ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Вай дар айёми Бозсозӣ ва минбаъд замони Истиқлолият низ дар пажӯҳиш ва бознигарии таърихи адабиёти замони шӯравӣ ва нақди адабии он аз дастури ҳақгӯӣ, таҳаммулпазирӣ, қазовати одилона, фаҳмидани вазъи аҳли адаб ва замону шароити сиёсӣ ва таърихии зиндагии онҳо роҳ гирифта, аз танқидҳои камгирона ва инкоргарии ифротӣ дар мавриди баҳо ба таърихи адабиёти 70-солаи замони шӯравии тоҷикӣ барҳазар будааст. Худ бошад ба пажӯҳиши эҷодиёти ашхоси ба ноҳақ сиёҳшуда (Н. Бектош, Қ. Комилӣ) ва осори фаромӯшшудаи адибон пардохт, ҳамчунин масоили кам мавриди тадқиқ фаро гирифта шудаеро, амсоли раванди зуҳур ва ташаккули илми ҷадиди филологияи тоҷик ва нақди нави адабӣ дар адабиёти ҷадидӣ, намояндагони ҷудогонаи он, назму наср ва нақди адабии солҳои 20-30 замони шӯравӣ, баҳсҳои атрофи забони форсии тоҷикӣ, таърихи муборизаҳои адабию мафкуравӣ, ташаккули иттиҳодияи нависандагон дар даҳаҳои аввали асри ХХ мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додааст.
Абдухолиқи Набавӣ ҳамчунин ба нақди намоишӣ (театр) низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, оид ба намоишҳои театрҳои [[вилояти Суғд]] (собиқ [[Ленинобод]]) дар саҳафоти рӯзномаҷот як силсила маҷқолаҳо ба табъ мерасонад. Вай чандин сол дар ҳайати доварони азназаргузаронии театрҳои касбии вилояти [[Ленинобод]] (ҳоло Сӯғд) ба сифати ҷониши раисӣ ҳакамот иштирок кардаааст. Инчунин дар хусуси вазъи ҳунари муосири тоҷик, бахусус ҳунари овозхонӣ (дар бораи ҳофизи шӯҳратёр ва устоди нотакрори ҳунар [[Ҷӯрабек Муродов]]), вазъи «[[Шашмақом]]»-сароӣ, санъати ҳунари ноширӣ мақолаҳо таълиф карда, дар таҳриру танзими китоби мусаввири ёдгориҳои таърихии кишвар ҳисса гузоштааст ва чанд муддат аст, ки чун корманди рӯзномаи «Баҳори Аҷам» (нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон]) низ ифои вазифа мекунад.
Соҳаи дигар ва асосии фаъолияти Абдухолиқи Набавӣ нақду баррасӣ ва ва пажӯҳиши адабиёти тоҷик аст. Мақолаҳои танқидӣ ва пажӯҳишҳои ӯ дар чанд ҷилд китобу рисолаҳо ба дасти хонандагон ва аҳли илму адаб расидаанд. Рисолаи «Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри шӯравии тоҷик» (1978) масъалаи мақоми Айниро дар рушду такомули насри нави реалистии тоҷикӣ дар бар гирифтааст. Дар китоби «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (Душанбе: Ирфон,1983) мақолоте ба ҳам омадаанд, ки аз хусуси масоили ғанои шаклу жанр ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насру назми муосири тоҷикӣ баҳс мекунад. Рисолаи «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (Душанбе: Адиб,1987) бошад пажӯҳиши муфассалест оид ба масъалаи муҳими насри реолистии тоҷик – ҳунари равоннигории бадеӣ, ки солҳои 50-80 аз муҷҳимтарин сифатҳои раванди бадеӣ, бахусус эҷодиёти [[Ҷалол Икромӣ]] ба шумор меомад. Фишурдаи тадқиқоти мазкур ба забони русӣ (1981) низ чоп шудааст. Донишмандони босалоҳият, амсоли З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, Р. Тошматов ва дигарон ин тадқиқотро тақриз карда, баҳои сазовор додаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар рисолаи мазкур бори нахуст тасвири симои инсони муосир ва таърихӣ аз назари ҳунари воқеъароӣ ва пайваста амиқ рафтани он ба василаи зина ба зина аз бар кардани санъати равоннигорӣ (тасвирӣ психологӣ) мавриди пажӯҳиши муфассал қарор гирифтааст. Бахусус, романи сегонаи таърихӣ - инқилобии нависандаи машҳур [[Ҷалол Икромӣ]] аз ин мавқеъ таҳлилу таҷзия шуда, дар айни замон хеле аз масъалаҳои вобаста ба шакл ва воситаҳои тасвири воқеъгароёнаи зеҳнӣ, иртиботи он бо поэтикаи асар, сохтор ва умуман ғанӣ ва амиқ ба тасвир омадани симои иштирокдорони румон ва дар ин раванд ба зинаи нав расидани ҳунари нигорандагӣ дар насри муосир низ таҳқиқи ҳамаҷониба шудааст.
Риштаи дигари тадқиқоти илмии А. Набиевро омӯзиши таърихи зуҳур ва таҳаввули нақди нави адабии тоҷиӣ ташкил медиҳад ва чандин мақолаву гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (Душанбе: Адиб, 1993) гирд омадаанд. Муаллиф ба масоили оғози шаклгирии нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷик, тамизи нақди завқии нависанда ва нақди тахассусӣ, чеҳраҳо ва осори нави нақднависон, баҷҳо ва баррасии адабиёти тоҷик дар нашрияҳои хориҷ, масалан [[Амрико]], умуман дар хусуси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и Айнӣ, фаъолияти ноқидӣ ва адабиётшиносии ӯ, «нақди номаӣ»-и байни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, амиқрафт ва худшинохта гардидани нақди адабӣ дар фаъолият ва осори ноқидони пешраве чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода диққат ҷалб менамояд. Дар бораи ин китоби мунаққид дар «Доиратулмаорифи адаби тоҷик» (Эрон) фирқаи махсусе ихтисос дода шудааст.
Сатри 35:
Китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» («Адиб», 2009) ба масъалаҳои таърих, хасоиси консепсуалӣ ва ҳунарӣ дар насри воқеъгарои тоҷиӣ дар мисоли эҷодиёти намояндагони барҷастаи насрнависон ва осори муҳимми онҳо, ҳамчунин сабку шакл ва ҷустуҷуи жанрӣ дар шароити озодие, ки вобаста ба истиқлоли кишвар ба амал омад мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддӣ қарор додаст.
Китоби нави вай таҳти унвони «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010) дар Нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расид. Ҳамчунин бо ташуббус, тарҳу таҳия ва таҳрири Набавӣ ду маҷмӯа – яке «Абармарди илму фарҳанг» (бахшида ба 80-солагии устоди бузург, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ) ва «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» (маводи имии баҳсҳои забоншиносии солҳои 20-30) омодаи чоп шудааст, ки тақрибан 70 ҷузъи таълифиро ташкил медиҳад. Бахши асосии асари машҳури [[Садриддин Айнӣ]] «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро низ таҳия ва ба чоп расонидааст.
Абдухолиқи Набавӣ ба тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул шудааст: чанд ҳикояи <ref>[https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A7%D0%B5%D1%85%D0%BE%D0%B2,_%D0%90%D0%BD%D1%82%D0%BE%D0%BD_%D0%9F%D0%B0%D0%B2%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87 А.П.Чехов]</ref> ва <ref>[https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D1%83%D1%80%D0%B3%D0%B5%D0%BD%D0%B5%D0%B2,_%D0%98%D0%B2%D0%B0%D0%BD_%D0%A1%D0%B5%D1%80%D0%B3%D0%B5%D0%B5%D0%B2%D0%B8%D1%87 И.С. Тургенев] </ref> ва очерку мақолоти адабиётшиносиро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Дар тартиб додани маҷмӯаи «Бойчечакҳои Помир» (Киев,1988, ба забони украинӣ) ва ҷилдҳои I-III «Куллиёт»-и [[Фазлиддин Муҳаммадиев]] иштирок доштааст. Мақолаҳояш ба забонҳои русӣ, узбакӣ, украинӣ, ҳамчунин дар нашрияҳои [[Эрон]] ба табъ расида ва мавриди нақду баррасӣ қарор гирифтаанд.
Солҳои зиёд узви Шӯрои координатсионии нақди адабӣ дар назди АУ Тоҷикистон, аъзои ҷамъияти Ходимони театрии вилояти Ленинобод, солҳои 1987-1998 котиби илмӣ ва то ба ҳол узви Шӯрои нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон, чанд вақт (1993-94) раҳбари бахши «Адабиёти шӯравӣ»-и <ref>[https://www.anrt.tj/tj/instit-oi-tad-i-ot/sh-bai-ilm-oi-am-iyatshinos/instituti-zabon-adabijot-shar-shinos-va-merosi-khattii-ba-nomi-r-dak Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ]</ref> , аъзои Шӯроии илмии Институти мазкур, аз соли 1985 ба баъд котиб ва аъзои шӯрои илмии «Адабиётшиносӣ»-и ин пажӯҳишгоҳ будааст. Узви ҳайати таҳрири маҷаллаҳои «Фарҳанг» ва «Илм ва ҳаёт», ходими адабии рӯзномаи «Баҳори Аҷам» будааст. Барои дастоварди илмӣ дар конференсияи бахшида ба 100-солагии устод Айнӣ бо таҳсинномаҳои КМ Комсомоли Тољикистон (1978) ва ифтихорномви АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), ҳамчунин ба унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тољикистон (2008) сарфароз гардидааст. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи [[Садриддин Айнӣ]] (2017) мебошад.
== Санаҳои асосии зиндагӣ ва фаъолияти илмиву адабӣ ==
1963 - мактаби миёнаро дар деҳаи Ревади ноҳияи Айни [[вилояти Суғд]] (собиқ Ленинобод) хатм кардааст.
Сатри 47:
1973 - ходими адабии рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ».
1979 - узви Ходимони театрии вилояти Ленинобод (ҳоло Сӯғд).
1978 - узви Шӯрои ҳамоҳангии танқиди адабию бадӣ дар назди раёсати АУ РССҶШС Тоҷикистон.
1982 - номзади илми филология.
1983-1984 - дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд).
Сатри 71:
* Достони об ё Обнома. – Душанбе: Адиб, 2004.
* Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ. – Душанбе: Эҷод (Вазорати фарҳанги Тоҷикистон), 2007.
* Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср. – Душанбе: Адиб, 2009. – 20 ҷ.т.
* Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 9 ҷ.т.
* «Бухорои шариф» сароғози мутбути миллии тоҷикӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012.- 11, 5 ҷ.т.
* Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе: , 2015 (бо илова ва таҳрири тоза).
== Таҳия ва таҳрир ==
* Саъиди Сирҷонӣ. Чанд нукта… (Бо пешгуфтор) // Садои Шарқ, 1993, № 5-6, саҳ. 61-81. (таҳия).