Ибодулло Файзуллооев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Эҷодиёт: clean up using AWB
Сатри 30:
Асарҳояш аз с. 1957 чоп мешаванд. Китобҳояш «Ба сӯйи нур» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дӯстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973,) «Остони баланд» (1974), «Қиссаи бешаи сабз» (1977), «Борони баҳор» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Кӯҳи панҷум» (1996) ба табъ расиданд, ки очерку ҳикоя ва повестҳои беҳтарини адибро дар бар мегиранд. Асарҳояш ба русӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Осори С. Аҳмад, Г. Бакланов, Л. Ленч, С. Зунунова, И. Ракша, дромҳои А. Хӯҷаев «Андро ва сандро», А. Тарозӣ «Букӯни бобарор»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар офаридани симоҳои адабии М. Турсунзода, М. Қаноат, Р. Ғамзатов, Р. Рождественский, А. Олимxонов, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Ғулом ва диг. маҳорат дошт.
Вакили мардумӣ дар парлумони вақт буд. Бо медали «Барои хизмати аъло дар ҳифзи сарҳади СССР» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶТ қадр шудааст.