Асомиддин Насриддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 1:
'''Асомиддин Насриддинов''' (тав. 5.01.1930, деҳаи Ғузихами [[ноҳияи Балҷувон]] – ваф. 10.01.1998, ш.шаҳри [[Душанбе]]), адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1966), дотсент (1973).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1945–1947 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Қӯрғонтеппа, 1947–1949 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1951–1954 дар факултети таърих ва забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Фаъолияти омӯзгориаш аз соли 1944 баъди хатми курсҳои думоҳаи муаллимтайёркунии ш. Қурғонтеппа сар шуда, сараввал муаллим, баъд мудири қисми таълимии мактаби ҳафтсолаи ба номи Сталин кор кардааст. Соли 1954 донишкадаи омӯзгории пойтахтро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1954– 1955 методисти Институти такмили ихтисоси муаллимони ш. Душанбе, 1955–1958 аспирант, 1958–1979 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, муовини декани факултети таъриху филологияи тоҷик, муовини ректор оид ба шӯъбаи шабона, 1975–1979 муовини ректор оид ба кори таълими Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1979–1988 бо тақозои тақдир ва тӯҳматҳои беасос дар маҳбасҳои Сибир қарор дошт ва дар он солҳо корманди китобхонаи маҳбас буд. Солҳои 1988–1998 дар шӯъбаи омӯзиши афкори умуми Палатаи китобҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шӯъба кор кардааст. Ҳамчун олими адабиёти классикии тоҷик дар тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Саъдию Ҳофиз, Сӯзанӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, мавқеи анъанаҳои халқӣ дар назми классикии тоҷик дар асрҳои XI, XII саҳми босазо гузоштааст. Барои хизматҳояш бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941–1945», «Барои меҳнати шоён», бо ифтихорномаҳои Кумитаи комсомоли Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «[[Аълочии маорифи Тоҷикистон]]» мукофотонида шудааст.
== Осор ==
* Ҷомӣ шоири бузург ва мутафаккир, Д., 1964;
* Барномаи адабиёти қадим ва адабиёти классикии тоҷик то асрҳои XVI, Д., 1967;
* Ҳаёт ва эҷодиёти Лоҳутӣ, Д., 1968;
* Ленин ва масъалаҳои омӯзиши мероси классикӣ, Д., 1970;
* Анъанаҳои халқӣ дар назми классикии тоҷик дар асрҳои XI-XII, Д., 1970;