Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 74:
Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии [[Президенти Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмонов]] соли [[2001]]-ум шурӯъ шуда то кунун идома дорад. Дар атрофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои [[мақбара]]и Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.
 
Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои VII-VIи пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ ба вижа кӯзагарӣ, ки усулан хоси мардумони шаҳранд, хело рушд карда буда аст. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини [[Осиёи Марказӣ]] будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст.
 
Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ [[Юсуфшо Ёқубов]] дар акнофи [[қалъа]]и Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кушониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1- пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр осори даврони ҳукмронии Юнону Бохтарро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Қабатҳои зисти Юнонӣ Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи он мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай дар масоҳати 200 -300 метр қабатҳои замони Юнонӣ Бохтарӣ мушоҳида мешаванд. Дар қабатҳо сафолҳои ин давра пайдо карда шудаанд. Ҳамин тавр дар замони Юнонӣ Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат буд. Қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳр ҷойгир буд. Дар назди ин қалъа шаҳристон вуҷуд дошт. Ин шаҳристон чандон калон набуда, масоҳаташ 170х150 метрро ташкил мекард. Дар ин мавзеъ чашмаҳо бисёранд ва он барои зиндагӣ хело мувофиқ аст.
Сатри 127:
Мақолаи дуввум, «Дар бораи тасарруфи Кӯлоб аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ» роҷеъ ба вазьи сиёсии шаҳри Кӯлоб ва аъзои ҳукумати Абдуллохон то давраи ҳуҷум ба Кӯлоб нақл мекунад.
 
Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми олимону бостоншиносони рус аз ҷумла Маева, Н,А, Матвеева, Покатило Н. Н, Семенов А. А, Баринский А. А, Варична М.А калон аст. Дар асарҳои худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои топаграфӣ, маконҳои таърихӣ ва дигар махсусиятҳои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама таърихи шаҳр ба омӯзиши чуқур ва ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии ш. Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, номбар карда мешавад. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар ба муқобили Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш фикру мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, ба ақидаи Ю. Яъқубов шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ба фикри ҳамин муаллиф ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми во мехурад. Дар назди он қалъаи қадиме низ ҳаст. Эҳтимол, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.
==Фарҳанг==
* Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб ;
Сатри 141:
Дар шаҳри Кӯлоб 63 муасиссаи таълимӣ амал мекунад, ки аз онхо 39 муассисаи таълимоти умумӣ, 5 мактаби асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ, 3 литсей, 2 мактаб-интернат, 1 муассисаи тарбиявии ғайримактабӣ мебошанд.
Шумораи муҳасилин дар макотиби таҳсилоти умумӣ 42 581 нафарро ташкил мекунад. Ба онҳо 2240 нафар устодон таълим медиҳанд. Аз ҷамьи умумии муаллимон 1916 нафар яъне (85,5) фисадашон дорои маьлумоти Олӣ мебошанд. 142 нафари дигар соҳиби маьлумоти нопурраи Олӣ ва 182 нафари дигар тахасуси миёна доранд. Аз шумораи дар боло зикр шуда 135 нафар устодон дараҷаи олии тахасус, 132 нафар дараҷаи якум ва 122 нафари дигар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Чор муаллим бо унвони ифтихории корманди Шоистаи Тоҷикистон ва 151 муаллим бо нишони Аълочии Маорифи Тоҷикистон сарафроз гаштаанд.
Соли 2004 бо кӯмаки президенти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаб ва соли 2005 боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштанд. Ҳамчунин дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳия таьмир оғоз шуда аст.
Соли 2005 ҳамаи мактабҳои шаҳру ноҳия бо усули нави маблағгузори гузаштанд, ки ин усул аллакай натиҷаи дилхоҳ нишон дод.
Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 21-ҳазор мизу курсӣ, 320 компутар ва 10-муҳарики барқи мавҷуд аст. Дар шаҳр:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кӯлоб"