Ансамбли рақсии «Гулрез»: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: гурӯҳбандӣ
х clean up using AWB
Сатри 1:
'''Ансамбли рақсии «Гулрез»''' - дастаи ҳунарии [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ([[Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ]]) мебошад. Ансамбли рақсии «Гулрез» дар пойтахти Тоҷикистон ш.шаҳри [[Душанбе]] ҷойгир аст.
== Таърих==
[[Ансамбл]]и рақсии «Гулрез» моҳи ноябри [[соли 2000]] дар назди[[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ([[Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ]]) ташкил шуд. Нахуст роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбл Ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон [[Ҷамила Охунова]] (солҳои 2000 – 2003) буд. Аъзоёни ансамбл аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки бо тариқи озмун қабл шуда буданд, иборат буд. Муддати зиёда аз 2,5 сол омӯзиши рақс ва таҳияи рақсҳо барои репертураи аввалини ансамбл, дарёфти сару либоси хос ба рақсҳои таҳияшуда ва ҳамчунин дигар лавозимоти зарурӣ давом кард, ки ансамбл рӯи саҳнаи ҳунар ояд. Ниҳоят [[4 апрел]]и соли [[2003]] дар саҳнаи театри опера ва балет нахустнамоиши барномаи ансамбл пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Сатри 7:
Солҳои 2004 – 2005 дар ансамбл ҳунарпеша [[Фароғат Саидова]] ва [[Ҳунарпешаи халқии ИҶШС]] [[Зебо Аминзода]] низ роҳабрӣ кардаанд.
Аз охири соли 2005 то ҳозир ансамблро [[ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]] Имомалӣ Раҳониён роҳабрӣ мекунад.
Ҳунарпешаҳои ансамбл [[ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон]] [[Наргис Ҳасанова]], ҳунарпешаҳо [[Зайнаб Баротова]], Клара Грузинова, Меҳрубон Азизӣ, [[Шаҳноз Ҳамидова]], [[Абригул Навҷувонова]], [[Маҳина Абдуллоева]], [[Таҳмина Мирзоева]] ва дигар фаъолони ансамбл буда, барои рушд ва таҳияи барномаҳои нав саҳми арзанда доранд.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 24-25 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2</ref>
Ансамбли «Гулрез» соли 2005 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 ансамбли беҳтарини рақсии сол, соли 2012 бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.<ref> [http://www.ktr.tj/node/172 Ансамбли эстрадии «Ориё»]</ref>
 
== Нигаред ==
Сатри 14:
* [[Ансамбли рақсии «Зебо»]]
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон]]