Мучал: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Молчал Душанбе
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х clean up using AWB
Сатри 1:
'''[['''Мучал]]''', мӯрҷал''' — солшумории дувоздаҳгона, ки дар кӯҳистони [[тоҷик]] бо номи «сол», «[[мӯлҷар]]» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, 6 ҳалолу 6 ҳаром буда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.
 
== Таърих ==
Ба боварии муаррихон тақвими «мучал» бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо (асрҳои XIII-XIV) будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст<ref name=":0" /><ref name="тақвим">Холов М.Ш. Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. — Душанбе, «Ирфон», 2006. — с. 15</ref>.
 
Тақвим аз даври 12-солаи номи ҳайвонотро дошта иборат аст ва тоҷикон аз қадим онро ҳисоби «мучал», «мулҷар» ё «мурча» меноманд. Тақрибан ҳашт қарн муқаддам, Абунасри Фарроҳӣ дар асараш «[[Нисоб-ус-сибён]]» тартиби солҳои дувоздаҳгонаро ба риштаи назм дароварда, тақвими «мучал»-ро чунин муаррифӣ кардааст<ref name=":0">[http://navid.tj/interpretation/?ELEMENT_ID=1851 Соли асп] // Интернет–рӯзномаи «Навид.tj» — 25 декабри 2013</ref>:
Сатри 24:
* Хук – хук ҳайвони фарбеҳ аст, аз ин рӯ сол сербориш шуда ҳосил фаровон мешавад. Аз ин сабаб тоҷикон баъзан ин солро «хубон» меноманд.
== Cоли Саг ==
Аз рӯи солшумории дувоздаҳгона соли 2018 Соли саг аст, ки онро Соли Вафодор низ мегӯянд. Мардум аз таҷрибаҳои зиндагӣ Соли сагро нек арзёбӣ мекунад. Ин пешгӯиҳои мардум табиист ва шояд чунин ҳам бошад, зеро аз байни ҳайвонҳои ромшуда беҳтарин дӯсту вафодор, посбон ва муҳофизи инсон саг маҳсуб меёбад. Чӯпонҳо беҳтарин зотҳои сагро парвариш намуда, барои нигоҳубини рама шабу рӯз ҳамроҳи худ мегиранд ва ҳамеша дилпуранд, ки ин дӯсти вафодорашон гӯсфандонро аз ҳамлаи дарандагони ваҳшӣ эмин нигоҳ медорад. Бахусус, афсарону сарбозон, кормандони хадамоти амният, оташнишонию ҳолатҳои фавқулода ба саг, ҳамчун ба ҳайвони нотарс, ҷасур, далер, чолоку ҳушёр ва доною рамузфаҳм бовар доранд. Дар таърихи парваришу нигоҳубини ҳайвонот хизматҳои зотҳои мухталифи саг дар муҳофизати аҳли хонавода, рамаю галаҳо, марзу буми кишвар, ошкор кардани амалҳои ниҳон намудани маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо, наҷоти одамо-ну ҳайвонот дар ҳодисаҳои сӯхтор, заминҷунбӣ, селу боронгариҳо ва дигар офатҳои табиӣ ва ғ. басо бузург аст. Кам нестанд сагҳое, ки барои хизматҳояшон дар корҳои наҷотбахшӣ ва муҳофизати одамону иншоотҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. <ref>[http://kumitaizabon.tj/tg/content/ruznomai-ganchi-zabon-no3-23-marti-soli-2018 Мучал. //Ганҷи забон, 3 (23) марти соли 2018]</ref>
 
== Солбарорӣ ==
Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои муайян намудани таърих, замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгон мардуми тоҷик аз ин солшуморӣ истифода мебаранд. Дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и [[Ҳабибулло Назаров]] маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии [[водии Ҳисор]]ро бознигорӣ карда шудааст.
 
Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Бароятон усулеро пешниҳод мекунем, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.
Сатри 76:
3 – шумораи тартибии Паланг аст.
 
3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва [[Осиёи Марказӣ]], аз он ҷумла дар [[Тоҷикистон]], аз Соли нави ҳақиқӣ ([[Наврӯз]]) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.
 
Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 1 январи соли 2015 ([[Гоҳшумори мелодӣ]]) оғоз меёбад, хатост.
Ҳол он ки соли [[Асп]] аз [[Наврӯз]]и [[соли 2014]] сар шуда, то [[Наврӯз]]и [[соли 2015]] давом мекунад.<ref>[http://zarowadk.ru/kuhiston/solaton-chist.html#more-744 Солатон чист?]</ref>
[[Соли Гӯсфанд]] бошад аз [[Наврӯз]]и [[соли 2015]] сар шуда, то [[Наврӯз]]и [[соли 2016]] давом мекунад.
 
{| class="wikitable" style="margin: 0 auto; text-align: center;" width="96%"
Сатри 255:
 
== Солшумории чинӣ (хитойӣ) ==
Дар Солшумории чинӣ (хитойӣ) ба солшумории Мучал монанд, солшумории қадимае [сулолаи Чжоу (сулолае, 800 сол сари қудрат буд) ва дар замони сулолаи Хан (206 то мелод — 207 мелодӣ) рушд ёфтааст] мавҷуд буд. Дар он ибтидои соли нав ба шаби якуми солшумори қамарӣ, моҳҳои 21 январ - 20 феврал оғоз меёбад.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мучал"