Фарқият байни намунаҳои "Ҷӯрахон Искандаров"

х
→‎top: clean up using AWB
х (clean up using AWB)
х (→‎top: clean up using AWB)
 
}}
 
'''Ҷӯрахон Искандаров''' — сароянда, [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон|Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] (1942).
== Зиндагинома ==
Ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]] (1852-1936), [[Содирхони Ҳофиз]] (1847-1931) дарси овозхонӣ андӯхтааст. Ҷӯрахон Искандаров фаъолияташро ибтидо дар театри республикавии мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод (1938) оғоз намуда, сониян чун сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом (1949-1951), сароянда-солисти [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии ҶШС Тоҷикистон]] (1956-1964) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ баъди таъсис ёфтани дастаи мақомхонон (1964) дар назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон|Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон]] фаъолияти иҷроияшро дар ин даста идома дода, таҳти сарварии устодони мусиқӣ [[Шоҳназар Соҳибов]] (1903-1972), [[Фазлиддин Шаҳобов]] (1911-1974) санъати мақомхониро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, «Қашқарчаи Содирхон», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Муғулчаи Сегоҳ», «Савти Сабо», «Бозургонӣ», иҷрои дастаҷамъии «Шашмақом» маҳорати хуби иҷроӣ ба харҷ додааст. Ҷӯрахон Искандаров иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик ш. Москва (1941, 1957) буда, барои хидмат ва маҳорати баланди иҷроияш бо тақдирномаю ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.