Амирон ва вазирони Сомонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ботили нусхаи 1030084 аз тарафи 217.11.191.162 (Баҳс)
Барчасб: бекорсозӣ
х clean up using AWB
Сатри 1:
{{Асосӣ |Давлати Сомониён}}
'''Амирон ва вазирони Сомонӣ''' – маҷмӯаи мақолотест бахшида ба лсори ҷуғрофии таърихӣ, ки ба даврони салтанати [[Сомониён|Оли Сомон]] ва вазирони эшон марбут аст. Дар ин китоб роҷеъ ба [[хонадони Сомониён]] ва вазирони эшон маълумоти навин оварда шудааст. Муаллифи маҷмӯаи [[«Амирон ва вазирони Сомонӣ»]] академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих [[Аҳрор Мухторов]] аст. Китоб соли [[1997]] дар нашриёти Оли Сомон ш.шаҳри [[Душанбе]] нашр шудааст.
 
== Мундариҷаи китоб ==
 
1. Амирони Сомонӣ
 
2. Ахбори замони Сомониён (Порча аз «[[Ашкол-ул-олам]]» - и Ҷайҳонӣ)
 
3. Иқлими ҳаштум. Зикри [[Мовароуннаҳр]] ва тобеъи он
 
4. Аз таърихи омӯхта шудани «[[Ҳудуд-ул Олам]]»
 
5. Оли Сомони Истаравшанӣ
 
6. [[Вазирони давлати Сомониён|Вазирони Сомониён]]
 
7. Джайхани о городах Маверанахра (ба забони русӣ)
 
==Амирони Сомонӣ==
 
Дар асари [[Сайфиддинҳоҷӣ]] [[«Осор ул-вузаро»]] оиди амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:
 
 
{{иқтибос|муаллиф=|
Line 29 ⟶ 28:
;Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.'''</big>}}
 
Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II – ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 10.</ref>
 
[[Сомонхудот]] – сарсилсилаи хонадони (сулолаи) Сомониён шахси сарватманд буд. Ӯ дар зери таъсири волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки аз намояндаи халифаи араб буд, аз мазҳаби зардуштӣ даст кашида дини исломро қабул кард. Дар шахсияти Асад ибни Абдуллоҳ Сомон пуштибоне пайдо кард. Ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром нисбат ба ин мард фарзанди худро Асад ном кард.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 3.</ref>
 
== Вазирони Сомонӣ ==
[[«Осор ул-вузаро»]] - асари таърихиест дар бораи вазирони мамолики исломӣ аз давраи ибтидои Хилофати араб то замони салтанати Темур ва темуриён (аз он ҷумла [[вазирони давлати Сомониён]]). Муаллифи асар [[Сайфиддинҳоҷӣ]] ва котиби он Ибни Дарвеш Имомқули Шайх Ҳасан аз силсилаи кубравия будааст. Асари мазкур 10 моҳи раб-ул-аввали соли 1066 ҳиҷрӣ (7 моҳи январи с. 1656 мелодӣ) рӯйнавис шудааст.
 
Нусхаи дигари [[«Осор ул-вузаро»]] дар шаҳри Сринагари Кашмир дар китобхонаи Институти Осиёи Марказӣ (назди донишгохи Кашмир) маҳфуз аст. Китоб сана ва номи котибро надорад. Номи муаллиф таври зайл омадааст: Сайфиддинҳоҷӣ бини Низом ул-Ақидӣ. Муаллиф барои навиштани асри худ аз китобҳои «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома» - и А. Фирдавсӣ, «Ҷомеъ ул-таворих», «Таърихи Ҷоҳонгиршоҳи Ҷувайнӣ», «Таърихи Саҷуқӣ», «Қобуснома» ва ҳоказо истифода бурдааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов «дар амал боби охири «Осор ул-вузаро», «Дар зикри Темур ва авлоди ӯ» номида шуда, воқеаҳои таърихиро то соли 875 ҳиҷрӣ (1470 – 1471) то замони вазирии Ҳоҷи Низомулмулки Хавфӣ дарбар кардааст. Аз ин таърих хулоса мешавад, ки муаллиф асари худро дар ибтидои ҳукумронии Султон Ҳусайн Мирзо (1469 – 1506) хатм кардааст. Бинобар ин номи вазири кабири ин давр Алишер Навоӣ дар ин асар зикр наёфтааст.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 58-59.</ref>
 
Дар китоби [[«Осор ул-вузаро»]] - и [[Сайфиддинҳоҷӣ]] нисбати Абулфазли Балъамӣ равшан аст, ки ӯ бо фармони амир Нӯҳи Сомонӣ қатл шудааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов «ин шахс ҳамзамон ва парастори [[Рӯдакӣ]] буд. Шояд зада кӯр карда аз дарбор рондани Рӯдакӣ ва қатли Абулфазли Балъамӣ бо ҳам алақамандӣ дошта бошад? Яъне бо сабабҳои якхела (дар иштирок ба ҳаракати карматиҳо ё худ бо сабаби дигар) ин ду марди бузург ҷазо дида бошанд.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 63-64.</ref>
 
Дар китоби [[«Осор ул-вузаро»]] - и [[Сайфиддинҳоҷӣ]] нисбати вазири донишманди сулолаи [[Сомониён]], муаллифи асарҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, аз ҷумла таснифкунандаи асари нодири «Ашкол ул-олам» Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бини Аҳмад Ҷайҳонӣ, ки соли 941 ҳангоми зилзила ҳалок шудааст, маълумоте оварда нашудааст.
Барои оромиву суббот ва тараққии давлати сомонӣ дар аҳди [[Насри II ибни Аҳмад]] нақши вазири ӯ [[Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ]] хеле калон буд. Ӯро барои хидматҳояш дар дарбори сомонӣ бо лақаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Маҳз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 105-106.</ref>