Баён Раҳимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х clean up using AWB
Сатри 28:
'''Баён Раҳимов''' (тав. 4.11.1928, деҳаи Якатути ноҳияи Сарихосор), педагоги маъруфи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1962), [[профессор]] (1990).
== Зиндагинома ==
Соли 1945 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлобро хатм намудааст. Солҳои 1945–1947 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи дусолаи муаллимии ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1947–1950 дар мактаби 7-солаи ба номи Молотов ва мактаби 7-солаи ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Сарихосор кор карда, ҳамзамон вазифаи методист ва мудири шӯъбаи маорифи ноҳияро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1950–1953 муаллими факултети табиатшиносӣ ва географияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]], 1953–1954 аспирант, 1954–1955 лаборанти калон, 1955–1958 ассистент, 1958–1970 муаллими калон ва аз соли 1970 дотсенти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1970–1974 ҳамчун мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, 1976–1981 мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, 1987–1998 декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз профессор ва мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] мебошад.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Муаллифи зиёда аз 52 монография, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, китобчаҳои оммавӣ ва 100 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои беҳдошти кори таълиму тарбия дар мактабҳои олии педагогӣ, афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик (асрҳои Х-ХХ), педагогикаи ниёгон, педагогҳои барҷастаи хориҷӣ ва собиқ шӯравӣ, тарбияи бачагони синни хурди мактабӣ дар оилаву мактаб, ҳамкории мактабу оила ва тарбияи ҷавонон кори илмӣ бурдааст. Зиёда аз 62 баромади ӯ дар фонди садо ва симои ҷумҳурӣ сабт ёфтаанд. Бо роҳбарии ӯ 13 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Солҳои 1970–1990 аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маълумоти олии ИҶШС доир ба педагогикаи мактаби олӣ буд. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Иваново, Владимир, Суздал, Уффа, Будапешт ва Душанбе бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
== Ҷоизаҳо ==
Хизматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1990), медали «Барои меҳнати шоён» (1985), нишони «Барои комёбиҳои барҷаста дар кор» (1998) ва чандин ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст.