Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х clean up using AWB
Сатри 9:
|тахаллусҳо = Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
|таърихи таваллуд = [[1318]]/[[1321]]
|зодгоҳ = ш.шаҳри [[Хуҷанд]]
|таърихи даргузашт = [[1401]]
|маҳалли даргузашт = [[Табрез]], [[Эрон]]
Сатри 18:
|жанр = [[ғазал]]
|забони осор = [[забони тоҷикӣ]]
|мукофотҳоҷоизаҳо =
|Lib =
|сайт = [http://www.wisdomcode.info/ru/poetry/authors/56389. Поэзия Худжанди]
Сатри 47:
Хуҷанд зодгоҳи Камол – шоири эронӣ, ки шаҳрест дар канораи рӯди Сайҳун дар сарзамини таърихии
Мовароуннаҳр. Ҳамон шаҳр, ки юнониён онро Александрошото меномиданд ва дар иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ Савиятобод ном гирифта буд, имрӯз ҷамъияте наздик ба 140 ҳазор нафар дорад. Дар садаи чаҳордаҳум мусофирон масофати Хуҷанд то Самарқанд – пойтахти имперотурии Темурилангро бо шутур даҳрӯза мепаймуданд.
Ба навиштаи [[Ҷомӣ]] дар «Нафаҳот-ул-унс» Камол соле чанд аз ҷавониро дар шаҳри [[Шуш]], дар [[Ӯзбекистон]]и кунунӣ, дар маҳзари орифе ба номи Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ, ки аз ӯ донистаҳо чандон нест, ба шогирдӣ гузаронид. Аммо манобеи муътабари дигар, чун «Равзот-ул-ҷинон» (таълифи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ машҳур ба Ибни Карбалоӣ) ишорае ба ин шаҳр ё ошноии Камол бо Хоҷа Убайдуллоҳ накардаанд. Аммо Ибни Карбалоӣ, ки ҳеч гоҳ аволими рӯҳиро дар зиндагии орифон нодида намегирад, ба достони дигаре дар ин маврид ишора кардааст: «Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки ҳазрати Махдуми муқаддас, қуддиса сирруҳу, мефармуданд, ки ҳазрати Шайх Камол . .. дар авоили ҳол, ки дар Хуҷанд ташриф доштаанд, ба риёзоту муҷоҳидаи тамом ба сар мебурдаанд ва эшонро ҳолоти ғариб рӯй намуда буда. Ва падари эшонро ҳамин як писар буда ва мехостанд, ки вайро кадхудо созанд. Мушорун илайҳиро чандон рағбате бо он набуда, то ин ки ба воситаи иброму илҳоҳи падар розӣ гаштаанд ва духтар ба никоҳи эшон даровардаанд, то дар шаби зифоф ба расми маъҳуд пеши завҷаи худ рафтаанд...».<ref name="ReferenceA">Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)</ref>
 
Сатри 67:
:Гар аз рӯи замин рӯяд ғаму дард,
:Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст.<ref name="ReferenceA"/>
Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст.
Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва чи басо дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз мудофиони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки ҳокӣ аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш
аст. Ин абёт, ҳамчунин, ба бозсозиву мараммати «Рубъи Рашидия»-и Табрез, ки чанде пеш аз ҳамлаи сипоҳиёни Туқтамиш оғоз шуда буд, низ ишорае дорад.
Сатри 111:
:Дар ҳазрати салотин расми гадо суол аст.
 
Ин ду байт посухе ба ин даъво аст, ки шоири сӯфимашраб бояд ҳамвора бар неъматҳои дунявиву моддӣ дасти рад гузорад ва бидонад, ки пазируфтани инъоми ҳокимон мояи сустии таваккули ӯ ба Худост.
Ва саранҷом шоир бо ишораи дупаҳлӯ ба тахаллуси худ «Камол» нидое фурӯтанона сар медиҳад ва муддаӣ мешавад, ки кори фақиру дарвеш дар баробари султон ҷуз гадоӣ нест.
Сурудаҳои Камоли Хуҷандӣ дар ситоиши фармонравоёни замон бисёр андак аст ва танҳо як байт дар ҳамаи девони ӯ ба сипос аз Темури ланг суруда шуда:
Сатри 135:
:К-аз бӯрёи риндон бӯи риё наёяд.
 
Дар бештари мутуни муътабари таърихӣ равобити Камоли Хуҷандӣ бо амир Мироншоҳ – фармонравои темурии Озарбойҷон (дар солҳои 799-802 ҳ . /1396-99 м.) ба унвони унсуре асосӣ дар зиндагии
шоир қаламдод шудааст. Дар воқеъ, равобити байни ин амир ва шоир абъоде афсонаӣ ёфтааст. Самарқандӣ дар бораи шахсияти Мироншоҳ менависад: «Чанд сол ба истиқлол дар Озарбойҷон салтанату ҳукумат
намуд, подшоҳзодаи хушманзару аҳли табъу мулоим буда ва шуаро дар ҳусну ҷоҳи ӯ ашъор гуфтаанд» .
Чунин ба назар мерасад, ки Камоли Хуҷандӣ низ алоқаву иродате мутақобил ба Мироншоҳ доштааст. Ба гуфтаи Муиззӣ – яке аз шоирони он рӯзгори Табрез, бисёре аз шоирони сӯфимашраби он диёр дар ситоиши шахсияту маниши ин амири темурӣ бо якдигар дар рақобат буданд:
 
Сатри 156:
:Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
:Шашсаду се гузашт, к-он хуршед
:Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт .
Овозаи Камол пас аз марг танҳо ношӣ аз ашъори ӯ набуд. Камолиддин Ҳусайни Гозургоҳӣ дар «Маҷолис-ул-ушшоқ» (ҳудуди 909ҳ.- 1503м.) дар бораи ӯ менависад «Баъзе мегӯянд аз авлиёст ва