Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тилло на, тило! using AWB
х clean up using AWB
Сатри 29:
|девиз =
|столица = [[Персеполь]] (50,000), [[Пасаргады]], [[Экбатана]] (50,000), [[Сузы]] (100,000), [[Вавилон]] (200,000)
|города = [[Персеполь]], [[Вавилон]], [[Бактра]] (200,000), [[Сарды]] (100,000), [[Сузы]], [[Пасаргады]], [[Экбатана]], [[Мемфис (Египет)|Мемфис]] (50,000), [[Милет]] (40,000), [[Дамаск]] (40,000), [[Мараканда]] (40,000), [[Тир (город)|Сур]] (40,000)
|язык = [[Древнеперсидский язык|Древнеперсидский]], [[Арамейские языки#имперский арамейский|имперский арамейский]], [[Эламский язык|Эламский]], [[Аккадский язык|Аккадский]]
|валюта = [[Дарик]]
Сатри 112:
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якҷоя шуда, онҳоро боз ҳам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқи қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Куруши I [[Куруши Кабир|Куруши II]]-ро ([[Куруши Кабир]] ({{lang-fa|کورش کبیر}}) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550—529 пеш аз милод ҳукумронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сулолае, ки [[Куруши Кабир]] ба он тааллуқ дошт, гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои вас5еъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо — Астиаг ҷанг карда ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ — Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II љангҳои истилогаронаи худро давом дода, Арманистон ва Каппадокияро забт мекунад. Баъд аз ин [[Куруши Кабир]] нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд .
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, '''Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо''' — империияи бузурги [[Ҳахоманишиён]]ро ташкил намуд. Баъд аз Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва љамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари [[Ҳахоманишиён]] ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.
Сатри 151:
 
Дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои [[Осиёи Миёна]] нақши бузурге бозидаанд.
Достони халқии эронӣ, ки аз фикраҳои бокимондаи , ,Таърихи Форс" ном асари табиби дарбори Ардашери II — Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои Ғарб интишор ёфта, пас аз тағироту иловаҳо асоси хамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «[[Шоҳнома]]» — [[Фирдавсӣ]] дохил гардидаанд.
Оини [[Зардушт]]и, ки дар [[Осиёи Миёна]] ба зуҳур омада буд, дар замони [[Ҳахоманишиён]] ба [[Эрон]] ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳануз дар асри 5 дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи [[Рим]] парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои [[Бритониё]] расида буд.