Фарқият байни намунаҳои "Талабхӯҷа Сатторов"

х
clean up using AWB
х (→‎top: ислоҳ using AWB)
х (clean up using AWB)
 
|таърихи таваллуд = [[1953]]
|зодгоҳ = деҳаи Гулзор {{Зодгоҳ|ноҳияи Кӯлоб}} [[ҶШС Тоҷикистон]]
|таърихи маргдаргузашт = 10.04.2007
|маҳалли маргдаргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|солҳои фаъолият =
|кишвар ={{Парчам|Тоҷикистон}}
|ҳамкорӣ =
|ношир =
|мукофотҳоҷоизаҳо =
|викианбор =
|викитека =
}}
'''Талабхӯҷа Сатторов''', ё '''Талабшоҳи Саттор''' (1953 - [[10 апрел]] [[2007]]) — [[оҳангсоз]], Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ([[1966]]), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад ([[1990]]), [[профессор]] ([[2000]]), собиқ раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] ва раиси нахустини [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] ([[2003]] - [[2007]]).
==Зиндагинома==
Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи [[Кӯлоб]], дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст.
Хатмкардаи Консерваторияии давлатии [[Маскав]] ба номи Петр Чайковский ([[1983]]), Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1983 - 1984) шурӯъ кардааст. Сипас ассистенти кафедраи оҳангсозии Консерваторияи давлатии Маскав ([[1984]]-[[1986]]), муҳаррири шӯъбаи мусиқии [[Телевизиони Тоҷикистон]] ([[1986]] - [[1989]]), муаллим, декани факулта ва ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]]и Душанбе ([[1983]] - [[2003]]) буд. Ӯ соли [[1998]] раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Шурӯъ аз соли [[2003]] муассис ва то охирин зарби қалб ([[2007]]) Талабхӯҷа Сатторов раиси (ректори) нахустини [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] буд. Ӯ [[10 апрел]] [[2007]] дар ш. Душанбе вафот кардааст.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - С.171-180</ref>
==Эҷодиёт==
Нахустин асарҳои худро Талабхӯҷа Сатторов дар нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта эҷод намудааст. Баъди хатми Консерваторияи шаҳри Маскав (соли 1983) асарҳои эҷоднамудаи ин оҳангсози мумтоз мазмуни баландтару ҷолибтареро касб намуданд.