Фарз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
ислоҳи ҳуруф using AWB
Сатри 1:
{{Ислом}}
'''Фарз''' ({{lang-ar|فرض‎‎}}) — дар луғат ба маънои муайян кардан, воҷиб гардонидан ва андоза кардан ва дар истилоҳи фуқаҳо ва уламои усул ба маънои ҳар амр (фармуда) ва ҳукми шаръие, ки бо далели қатъӣ собит шуда, Худованд анҷом додани онро ба таври ҳатмӣ ва илзомӣ аз бандагони мукаллаф талаб (ба истилоҳи шаръӣ таклиф) кардааст ва бо анҷом додани он аз сӯи Худо савоб дода ва бо тарки бе узраш азоб карда мешавад, ба монанди намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва дигар аркони ислом.
 
== Ҳукми инкори фарз ==
Сатри 16:
Танҳо фарқе, ки дар миёни фарз ва воҷиб вуҷуд дорад, иборат аст аз:
Фарз ба воситаи далели қатъӣ собит шудааст ва [[воҷиб]] ба воситаи далели заннӣ (ғайри қатъӣ). Далели қатъӣ он аст, ки дар ҳаққонияти он ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд надорад, вале дар далели заннӣ шакку шубҳа ҷой дорад ва субути ҳаққонияти он то ҷойгоҳи далели қатъӣ нарасидааст.
Агар фарз ва ё воҷиби айн ва фарзи кифояе дар як вақт чамъҷамъ оянд, ки танҳо гунҷоиши яке аз онҳоро дошта бошад, пас фарз ва воҷиби айн бар фарзи кифоя муқаддам дошта мешавад, ба монанди ин ки намози пешин ва ё намози ид ва ҷанозае бо ҳам ҷамъ оянд ва аз вақти пешин ва ид танҳо ба миқдори адои яке аз онҳо боқӣ монда бошад, аввал намози пешин ва ид ба ҷой оварда мешаванд. Аммо агар вақти фарз гунҷоиши ҳардуро дошта бошад, пас фарзи кифоя бар фарзи айн муқаддам дошта мешавад ва намози кусуф низ ҳамин ҳукмро дорад. Аммо агар фарзи кифоя бо суннате дар як вақт ҷамъ оянд, ба монанди намози ҷаноза ва кусуф, пас фарзи кифоя бар он муқаддам дошта мешавад ва дар қавле аз имом Муҳаммад (рҳ) намозгузорон бо назардошти мавқеъ мухайярандРадду-л-мӯҳтор. – Ҷ. 3. – С. 52-53..
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Фарз"