Атакама: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎top: clean up, added orphan tag using AWB
→‎Эзоҳ: ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 4:
'''АТАКÁМА''' ([[Забони испанӣ|исп.]] ''Desierto de Atacama'') — биёбоне дар дар шимол [[Чиле|Чили]], дар нишебии қисми ғарбии куҳҳои Анд. Қад-қади соҳили [[Уқёнуси Ором]] (байни 22°–27° арзи ҷанубӣ) тақрибан 1000 км тӯл кашидааст, масоҳаташ 363 км<sup>2</sup>. Баландиаш аз сатҳи баҳр то 3200 метр (куҳи Кордилйери соҳилӣ) ва дар ғарб 4325 метр (нишеби Кордилйер-Домейко). Иқлимаш тропикии пассатӣ. Атакама хушктарин минтақаи кураи Замин аст (се-чор бориш дар сад сол). Дар қисми соҳилии Атакама рутубати ҳаво 82% ва абрнокӣ 85% аст; то баландии 600 метр ҳамеша тумандор аст. Барои обёрии киштзор дар баъзе минтақаҳояш рутубати атмосфериро ба воситаи таҷҳизоти махсуси ҷамъ­оварандаи меҳ (тӯрҳои резбофти капронӣ) ҷамъ оварда, об ҳосил мекунанд. Дар қисми соҳилиаш ҳарорати миёнаи январ наздики 20°С, июл тақрибан 13°С; боришоти миёнаи солона 50 мм, он ҳам на ҳар сол. Биёбонро танҳо дарёи Лоа бурида гузашта, ба уқёнус мерезад. Заминаш шӯрахок ва набототаш хеле кам аст. Дар Атакама конҳои селитраи [[натрий]] ва [[калий]], [[йод]], [[намаки ошӣ]] ва захираҳои зиёди [[мис]] (дар Чукикамата, Эл-Салвадор ва ғайра) ёфт шудаанд.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.54</ref>
 
== МанобеъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references />
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]