Қонуни асосии давлат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 1:
'''Қонуни асосии давлат''' - ин [[қонун]] бо номи [[Конститутсия]], [[Сарқонун]],
[[Қонуни асосй]] ёд мешавад. Дар Конститутсия (Сарқонун, Қонуни асосй),
ки аз санади алоҳидаи навишташуда ва ё аз маҷмӯи санадҳо ва одатҳои конститутсионӣ иборат мебошад, масъалаҳои бунёдии (асосии) [[ҷамъият]] ва [[давлат]], аз ҷумла эътироф ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори марзию маъмурии давлат, асосҳои ташкилии мақомоти марказй ва маҳаллии ҳокимияти давлатй, салоҳият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳо, рамзҳои давлатй, забон ва пойтахти давлат ифода карда мешаванд.
 
Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқй эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
 
Тартиби гуногуни қабул ва тағйири Қонуни асосӣ вуҷуд дорад: аз тарафи парламент, мақоми махсус (маҷлиси муассисон ва ғайра), тариқи раъйпурсии умумихалқй (референдум) ва дигарҳо. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон (соли 1994) ба тариқи раъйпурсии умумихалқй қабул гардидааст ва танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқй ба он тагйирот ворид карда мешавад. Конститутсия сарчашмаи бевоситаи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи Конститутсия таҳия, қабул ва амал намоянд. <ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 253 </ref>
== Нигаред низ ==
* [[Қонун (дар ҳуқуқ) |Қонун]]
* [[Қонунҳои конститутсионӣ]]
 
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқ]]