Рехтагарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 4:
Ҷараёни рехтагарӣ тартиби муайян дошт: панҷ рӯз тайёрӣ медиданд ва ду рӯз корҳои рехтагарӣ анҷом меёфт. С. Айнӣ ёддоштҳояшро дар бораи корхонаи рехтагрии Бухоро нақл чунин кардааст: «Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолабгир, сӯҳонгар, бӯтасоз ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: [[мис]], [[биринҷӣ]], [[руҳ]], [[қалъагӣ]] ва [[сурб]] барин фулузот (металлҳо) буд. Ангишташ - ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехта-шуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехта-шуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин [[фулузот]]и омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро ''«хӯла»'' мегуфтанд».
Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз ''хӯлаи биринҷ'' - [[манқал]], [[офтоба]], [[кӯза]], [[чойҷӯш]], [[лаълӣ]], [[миқрози шамъ]], [[давот]], [[зангӯлаи шутур]], [[узангуи асп]], ҳалқаву [[қуббаҳои дарвоза]], [[зангӯлаи дастбандӣ]] барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 55 - 57.</ref>
 
== Нигаред низ ==
* [[Бӯта]]
* [[Заргарӣ]]
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Тарзи истеҳсолот]]
[[Гурӯҳ:Касбҳои куҳан]]