Ба қуллаҳои дониш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
ислоҳи шаблонҳо using AWB
 
Сатри 3:
Рӯзномаи мазкур [[7 октябр]]и [[соли 1956]] бо ибтикори номзади илмҳои филология Абдулатиф Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯра­вӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз [[соли 2009]] бо ибтикори [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДМТ]] дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз [[соли 2010]] ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад.
Дар «Ба қуллаҳои дониш» донишмандон ва шахсиятҳое ҳамчун [[Воҳид Ас­рорӣ]], С. Гулов, [[Баҳриддин Камолиддинов]], А. Маҳмадаминов, А. Мухторов, М. Муҳаббатшоев, [[Баҳром Шермуҳаммадов]] ва дигарон ба ҳайси сардабир ё масъули нашри ҳафтанома ифои вазифа кардаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар сафаҳоти худ рафти таълиму тад­рис ва охирин рӯйдодҳои илмию фарҳангии Дониш­гоҳро инъикос мекунад. Дар [[Нашри бисёрнусхаӣ|нашрия]] инчунин намунаҳо аз эҷо­ди бадеӣ, баррасӣ ва нақду пажӯҳишҳои дониш­ҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон [[Гулназар Келдӣ]], [[Гулрухсор Сафиева]], [[Саидалӣ Маъмур]], [[Раҳмат Назрӣ]] ва диг. нахустин намунаҳои осори хешро дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар тарбия ва такмили истеъдоди адибон, донишмандон ва рӯзноманигорони ҷавон хидмати шоён кардаву мекунад, ки бисёре аз онҳо имрӯз дар наш­рияҳои марказии кишвар, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳҳову муассисоти илмӣ-фарҳангӣ муваффақона фаъолият доранд. Адади нашраш 8 ҳазор нусха (2012).
== Нигаред низ ==
[[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
==Адабиёт==
* ДДМТ (марҳалаи асосии таърихӣ). - Душанбе 2008;
* «Ба қуллаҳои дониш». 2011, № 16–17.
== МанбаъАдабиёт ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=Пайванди Гулмуродзода}}