Асетилен: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Атсетилен to Асетилен
→‎Эзоҳ: ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 14:
Атсетилен аз сабаби банди сечанда доштан ба реаксияи пайвастшавӣ майл дорад. Барои пурра сер шудани банди сечанда ба он чор атоми яквалента дар ду зина пайваст мешавад. Ҳамин тавр, ҳидроген, галогенҳо, ҳидроген­галогениҳо, об, нитроген, сулфур, спиртҳо ва моддаҳои дигар бо атсетилен пайваст шуда, ҳосилаҳои хосса медиҳанд. Яке аз реаксияҳои муҳимми атсетилен дар ширкати катализаторҳои ишқорӣ бо пайвастагиҳои карбонилӣ пайваст шудани он мебошад. Дар натиҷаи реаксияи мазкур спиртҳои беҳад ҳосил мешаванд. Дар аснои ин реаксия дар оз­моишгоҳи синтези моддаҳои органикии Инти кимиёи АИ ҶТ зери роҳбарии акад. В. И. Никитин ва Е. М. Глазунова таҳқиқоти илмии бисёр анҷом дода шудааст. Дар озмоишгоҳи номбурда садҳо навъ моддаи органикии қатори атсетиленӣ, аз ҷумла глитсеринҳои қатори атсетиленӣ ва этиленӣ, моно- ва диэфирҳои сода, эфирҳои омехта, моно- ва диаминҳову ҳосилаҳои онҳо синтез ва хосияти физиологиашон таҳқиқ карда шудаанд. Маълум гашт, ки қисме аз онҳо аз ҷиҳати биологӣ фаъол мебошанд. Дар кафедраи химияи [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино]] зери роҳбарии проф. С. С. Собиров глитсеринҳои қатори ди­атсетиленӣ ва ҳосилаҳои онҳо синтез карда шудаанд. Аз ҳосилаҳои филиззии атсетилен атсетилениди мис, нуқра, филиззҳои ишқориро мисол овардан мумкин аст. Атсетилениди мис ва нуқраро ҳангоми аз маҳлули аммиакии на­макҳои мис (I) ё нуқра ва атсетилениди филиззҳои ишқориро дар вақти аз филиззҳои тафсон гузарондани атсетилен ҳосил мекунанд. Атсетилен ашёи муҳимми техникӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии халқ истифода мешавад. Он дар кафшери автогении филиззот, ҳосил кардани алдегид, ангидрид ва кислотаи атсетат, атсетон, спирт, бутадиен, каучуки синтезӣ, зифт, маҳсули хлоронии он чун ҳалкунанда ва ивазкунандаи кофур (гексахлорэтан) ва бисёр маҳсулоти муҳимми техникии дигар ба кор меравад.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.79</ref>
 
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references />
* Шмулевич Л. А. История химии атсетилена//Главы из истории химии атсетилена. Москва, 1975;
* Быков Г. В. История органической химии. Москва, 1978. М. Самиев.
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]