Адрасбофӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Адрасбофӣ
 
ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 3:
Бофандагон барои рангу бори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шангарф, суринҷ, лоҷувард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.
[[Адрас]] дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирифт. Адрасро [[абрбандӣ]] намуда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - ''пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох'' ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт.
Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ҳам ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш суфтаю ҷилодор мешуд. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кўрпа ва ғайра медўхтанд. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 7 - 9.</ref> <ref> Адрас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 1978. – С. 78.</ref>
 
== Нигаред низ ==
* [[Алочабофӣ]]
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Тарзи истеҳсолот]]