Айбдоршаванда: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
ислоҳи шаблонҳо using AWB |
||
Сатри 3:
амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ талошҳо кунад, арзу илтимосҳо намояд. Айбдоршаванда метавонад оид ба айби
эълоншуда нишондод диҳад, хоҳиш намояд, ки бо иҷозати муфаттиш дар гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ
иштирок кунад. Нишондоди айбдоршаванда яке аз намудҳои далел ба ҳисоб меравад, ӯ дар нишондоди худ метавонад иқрор шавад, метавонад айби эълоншударо рад кунад, умуман нишондод надиҳад. Дар давраи тафтишот муфаттиш вазифадор аст, ки ҳолатҳои парвандаро ҳаматарафа пурра ва холисона тадқиқ намуда, ҳам ҳолатҳои вазнинкунанда ва ҳам ҳолатҳои сабуккунандаи кирдорро санҷад. Қонуни мурофиавӣ ҳуқуқҳои мурофиавии айбдоршавандаро нишон дода қайд кардаасг, ки айбдоршаванда метавонад талаб намояд, ки ба ӯ чӣ гуна айбро бор карданианд, мушаххастар ин айб аз кадом ҷиноятҳо иборат аст. Муфаттиш вазифадор аст. ки тибқи талаботи '''м. 142 КМҶ ҶТ''' қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан барорад. На дертар аз ду шабонарӯз айбдоршавандаро бо мазмуни қарор шинос намуда, ӯро ба сифати айбдоршаванда пурсад ('''м. 147 КМҶ ҶТ'''). Дар навбати худ айбдоршаванда ҳақ дорад, ки оид ба айби эълоншуда баёнот диҳад. Айбдоршаванда баъд аз эълон кардани айбдорӣ ҳақ дорад оид ба пурсиши шоҳидҳои нав, гузаронидани экспертиза, ревизия ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ дархост намояд. Муфаттиш вазифадор аст. ки оид ба рад намудани дархостҳои айбдоршаванда қарори асоснок барорад. Айбдоршаванда метавонад аз болои ҳаракатҳои муфаттиш ба прокурор арз кунад ('''м.219 КМҶ ҶТ'''). Айбдоршаванда баъд аз тамом шудани тафтиши пешакӣ ҳуқуқи бо ҳамаи маводи парванда шинос шудан дорад ('''м.201 КМҶ ҶТ''').<ref>
== Нигаред низ ==
[[Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд]]
==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқ]]
|