Орд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up using AWB
 
Сатри 1:
[[Акс:All-Purpose_Flour_(4107895947).jpg|thumb|255x255px|Орд]]
[[Акс:Uskladněná mouka.JPG|thumb|Халтаҳои орд]]
'''Орд''' ([[форсӣ]]: '''آرد''') — маҳсули [[ғалла]]и дар [[осиё]] кашидашуда; кӯфта ва соидашудаи ғалла<ref>Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А–О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c.921</ref>. Як навъ маҳсулоти хӯрокӣ, ки аз дони зироати гуногун (асосан аз гандум, инчунин аз ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворӣ, марҷумак, арзан, нахӯд ва ғайра) мекашанд.
 
== Навъҳои орд ==
Тоҷикон дар гузашта, ки орди гандум камёб буд, аз орди ҷав, ҷуворӣ, боқило, арзан, нахӯд ва дигар зи­роатҳо низ истифода мебурданд. Масалан, аз орди ҷу­ворӣ нони зағора мепухтанд. Ҳоло дар пухтупаз асосан орди гандум (навъҳои якум ва олӣ)-ро истифода мебаранд.
 
== Орд дар таббохии тоҷикон ==
Орд дар таббохии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз ҳам мавқеи хос дорад. Тоҷикон ордро барои тайёр кардани навъҳои гуногуни нон, таомҳо ([[Оши угро |оши угро]], оши ӯмоч, [[Оши туппа|оши туппа]], туппаи дасткан, атола, ордбирён ё гардсӯз, барак, манту, хонума ва ғайра), маҳсулоти қаннодию хӯрокиҳои гуногун (чалпак, чагалдак, салла, чакчак, паҳлавак ва ғайра) аз за­мон­ҳои қадим истифода мебаранд.
 
== Боварҳои мардумӣ нисбат ба орд ==
Сатри 15:
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
==Манбаъ==
 
[[Гурӯҳ:Орд]]
 
[[Гурӯҳ: Орд]][[Гурӯҳ:Маҳсулоти нонӣ]]
[[Гурӯҳ:Маҳсулоти қаннодӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Орд"