Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
Сатри 87:
 
== Таърих ==
Ҳудуди Иморот ҳанӯз ҳазорсолаи 6 то м. маскун буда, дар ҳазораи 4 то м. соҳилҳои Халиҷи Форс маҳали муҳими тиҷорати байни Байнаннаҳрайн ва Ҳинди Қадим буд. Соли 300 то м. дар мавзеи Малейҳа юнониён колонияи тиҷоратии хешро асос гузоштанд. Тиҷорат махсусан бо Сосониён (дар асрҳои 5—6) хуб роҳандозӣ шуда, дар соҳили шарқӣ, дар Дибба то асри 7 европоиёни масеҳӣ ибодатгоҳ ва бандар сохта буданд. Хилофатҳои соҳилҳои ҷануб. [[Халиҷи Форс]] ва шимолу ғарбии Уммон дар ҳайати Хилофати араб буда, шаҳрҳои Дубай, Шарҷа, Фуҷайра ҳамон замон бино гаштаанд. Дар асрҳои 10 — 11 қисми шарқии Нимҷазираи Араб дар тасарруфи қарматиҳо буд ва баъди таназзули ин сулола зери таъсири Уммон афтод. Охири асри 15 ба минтақа таваҷҷӯҳи европоиён афзуд. Аввалин шуда ин ҷо португалиягиҳо маъво гирифтанд. То асри 12 моҳидорони маҳаллӣ, сокинони ҳудуди ҳозираи Иморот ба сафарҳои баҳрии тӯлонӣ баромада, то соҳилҳои Кения, Шри-Ланка, Хитой ва Вйетнам мерасиданд. Ширкати Ост-Индияи Британияи Кабир дар асри 18 тиҷорати баҳрии байни бандарҳои Халиҷи Форсро бо баҳонаи хотима бахшидан ба роҳзании баҳрӣ монополияи худ кард ва аҳолии иморатҳоро, ки асосан бо тиҷорат машғул буданд, аз манбаи асосии зиндагӣ маҳрум гардонд. Ин боиси задухӯрдҳои доимии байни ширкати Ост-Индия ва аҳолии маҳаллӣ мешуд (англисҳо арабҳоро роҳзан ва ноҳияи иморатҳоро «Соҳили роҳзанон» номида буданд). Соли 1820 ин ширкат шартномаеро зӯран ба гардани амирон ва шайхони 7 иморати араб бор кард, ки он ибтидои муқаррар шудани назорати Британияи Кабир бар ин сарзамин буд. Ҳамин тариқ, соли 1838 «Соҳили роҳзанон» (АМАИморот), Уммон, Масқат, Баҳрайн ва Кувайт таҳти назорати Англия даромад ва дар халиҷ киштиҳои ҳарбии он ба таври ҳамеша ҷой гирифтанд. Аз миёнаҳои асри 19 ин ҳудуд бо номи Уммони Аҳдӣ тобеи Британияи Кабир шуд. Солҳои 20 асри 20 дар Уммони Аҳдӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфта, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) хеле авҷ гирифт; таъсири Британияи Кабир дар Халиҷи Форс суст шуд ва 2 дек. 1971 дар қатори дигар давлатҳои халиҷ таъсиси давлати мустақили Иморот эълон гардид. Дар аввал иморати Раъс-ул-Хайма ба ин иттиҳод ворид шудан нахост, вале феврали 1972 ба он шомил шуд. Дек. 1971 байни Иморот ва Иттифоқи Советӣ муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардид.
{{Саросарнамо|Burj Dubai 001.jpg|900px|Бурҷи Халиф ва дигар бурҷҳои атроф|text-align=center}}
 
Сатри 120:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|АморотиИмороти Муттаҳидаи АрабАрабӣ|1}}
== Пайвандҳо ==
{{новбарӣ}}