Балучистон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB |
|||
Сатри 5:
== Таърих ==
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ, даврони қадим дар ҳудуди Балучистон ақвоми мака, гедрот ва ғ. зиндагӣ мекарданд. Балучистони асрҳои миёна тадриҷан ба ҳайати Хилофати Араб, давлатҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ҳулогуиён, Темуриён дохил мегардид. Дар ибт. а. 17 дар ҳудуди Балучистон чанд хонигарии феодалӣ ба майдон омаданд, ки ҳокимонашон тобеи Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд буданд. Баъдан, дар бадали талошу муборизаи якҷои қабоили балучу браҳвай алайҳи Темуриёни Ҳинд, дар а. 17 хонигарии Калот таъсис ёфт, ки аз диг. хонигариҳои балуч пурқувваттар буд. Сардорони хонигарии Калот дар имтидоди солиёни дароз гоҳ алайҳи калҳурони Синд, гоҳ бар зидди ғилзуёни Афғонистон мубориза бурда, муттасил сарҳадди Балучистонро тағйир медоданд. Ниҳоят, ҳокими баруманди хонигарии Калот Мирносирхони Балуч (1750-95) хонигариҳои дигари балучро таҳти итоати худ дароварда, ҳудуди хонигариро тақр. то сарҳадди ҳозира Балучистони Покистон вусъат бахшид ва худашро тобеи шоҳони Дурронии афғон эълон намуд. Баробари зуҳури ҳолландиён ва баъдтар, англисҳо дар Халиҷи Форс аҳаммияти хонигарии Калот ва тамоми қаламрави балучнишин муттасил афзудан гирифт, зеро Балучистонро мустамликадорони Британияи Кабир майдони мувофиқе барои истилои Ҳиндустону Эрону Афғонистон меҳисобиданд. Соли 1839 аз ҷониби миссияи Британияву сардорони Калот аҳднома ба тасвиб расид, ки балучонро уҳдадор менамуд, то дар бадали таъмини истиқлолият ва тамомияти арзияшон амнияти қувваҳои низомӣ ва убури нақлиёти британиҳоро ба сарҳадди Афғонистон кафолат диҳанд. Мувофиқи шартномаи солҳои 1854, 1876 ва 1879, ки бар дӯши ҳокимони Калоту Кобул бор карда буданд, Балучистони Шарқӣ ба Англия тобеъ ва расман ба Балучистони Британия ва Федератсияи музофоти Балучистон (Калот, Хорон, Мукрон, Лос-Бало) тақсим карда шуд. Дар давоми солҳои 1849-57 Балучистони Ғарбӣ ба ҳайати Эрон, авг. 1947, баъди соҳибистиқлол шудани Покистон Балучистони Британия ва марти 1948 Федератсияи музофоти Балучистон ба ҳайати Покистон дохил карда шуданд. Сарҳадди байни Балучистони Шарқиву Ғарбӣ 25 окт. с. 1956, мувофиқи шартномаи Эрону Покистон, мушаххасу муқаррар гардид. Қавму қабилаҳои балучӣ бештар аз 650 номгӯйро ташкил дода, бар иловаи Покистону Эрон, дар қаламрави Афғонистон, Туркманистон, Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (
== Ҷуғрофиё ==
|