Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Ташкилёбии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
Сатри 115:
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, '''Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо''' — империияи бузурги [[Ҳахоманишиён]]ро ташкил намуд. Баъд аз Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва љамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари [[Ҳахоманишиён]] ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.
Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад. Соли 525-и то мелод Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯйи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди шаҳри Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср — шаҳри Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи Ш асир гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525-и то мелод Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд. Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими батахтинишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардонидани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон кард. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои ЛивияЛибиё ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати шимолии Куш (Эфиопия)-ро ишғол кард. Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам, қисман ҷой доштааст. Камбуҷия чор сол дар Миср монд.<ref>Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63</ref>.
 
Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Ҳеродот, Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522-и то мелод ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезутунд кард.<ref>Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63</ref>;