Хилофати Араб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
Сатри 14:
Баъди ишғоли Сурия дар тӯли 14 сол лашкари арабҳо барои ишғоли Қафқоз ҷанг карда, оқибат [[Арманистон]] ва як қисми [[Гурҷистон]]ро то шаҳри Тифлис ба даст дароварданд.
Халифаҳои Мадина барои ишғоли Миср ҳанӯз ҳангоми ҷангҳои худ дар Сурия оғоз карда буданд. Ҳамлаи нахустин ба Миср бо сардории Амир ибни ал-Аса соли 639 сурат гирифтааст.
Баъди муттаҳид шудани тамоми нимҷазираи Арабистон талаботи Хилофати Мадина ба маҳсулоти ғаллагӣ чандин маротиба афзуд. Амр ибни ал-Аса маҳз барои ҳамин ба Миср лашкар кашидааст. Соли 640 Амр шаҳри Полусийро ишғол карда, аз дарёи Нил гузашт. Баъди ба арабҳо аз Мадина расидани ёрӣ лашкари Амр ибни ал- Аса дар наздикии Шаҳри машҳури Гелиопол византиягиҳоро шикаст дод. Усқуфи маҳаллӣ Муқавкис бо Амр дар бораи таслими қалъаи Бобул қарордод имзо кард. Лашкари арабҳо истилои худро дар Африқо давом дода, шаҳри Искандарияро, ки дар соҳили ҷанубии баҳри Миёназамин воқеъ аст, ишғол кард ва ба Мисри Шимолӣ ва ЛибияЛибиё зада даромад. Фармондеҳи Лашкари арабҳо Абдуллоҳ ибни Саид, ки ҳокими Миср буд, ба қаламрави Тунис ҳамла оварда, византиягиҳоро дар наздикии қалъаи Субайтла торумор кард.
Ҳамин тавр, арабҳо мулкҳои Византия ва Сосониёнро паси ҳам ишғол намуда, дар Осиё ва Африқо ҳудудҳои Хилофаги Мадинаро васеъ мекарданд.
Соли 644, баъди аз дасти ғуломи эронӣ кушта шудани Умар, ба тахти Хилофати Мадина Усмон ибни ал-Аффон менишинад. Ӯ ба яке аз духтарони Муҳаммад (с) хонадор шуда буд. Баъди вафоти Муҳаммад (с) пайғамбар Усмон духтари дигари ӯро низ ба занӣ гирифт. Барои ҳамин ҳам Усмонро шӯхиомез "ду карат домоди пайғамбари Аллоҳ" ё ки "соҳиби ду нур" меномиданд.
Сатри 34:
<references/>
[http://tarikh.narod.ru/index_12.htm Таъсисёбии Хилофати Араб]
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Хилофати Араб]]