Ибозия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
Сатри 3:
 
== Абозия ва хавориҷ ==
Пайравони абозия худро наздиктарин мазҳаб ба рӯҳи ислом ҳисобида, гумон мекарданд, ки чун онҳо аз аҳли ҳақанд, ҳатман пирӯзӣ насибашон хоҳад шуд. Аз ибтидои ҷудо шуданаш аз хавориҷ, пайравони абозия хусусияти тундравонаи онро напазируфтанд ва тамоюли мӯътадилонаро касб карданд. Бо мурури замон пайравони абозия ба аҳли суннат ва ҷамоат наздик шуданд ва абозиёни ЛибиявуЛибиёву Тунис тафовути андаке бо тасаннун доштанд, вале абозиёни Алҷазоир ва Уммон роҳуравиши қаблии худро идома доданд. Муаррихони маъруфи абозия ба мисли Барродӣ дар «Ҷавоҳир-ул-мунтақот» ва Шамоқӣ дар «Китоб-ус-садр» таърихи пайдоиши абозия ро ба замони хилофати Усмон расонидаанд ва абозияро қадимтарин фирқае эълон намудаанд, ки гӯё қабл аз хавориҷ пайдо шуда бошад. Дар асл бошад, ин фирқа зимни ҳаракати хориҷия арзи вуҷуд намудааст.
 
== Хуруҷ ==
Сатри 14:
Абозиён ба чаҳор шоха тақсим шуда буданд: [[ҳафсия]], [[ҳорисия]], [[язидия]] ва [[аҳли тоат]].
 
Ҳоло пайравони абозия дар шимоли Африка, Уммон, Алҷазоир ва ЛибияЛибиё фаъолият доранд. Дар Тунис дар ҷазираи Ҷурба ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҷамоаҳои абозия бо ҳам робита доранд ва ба гурӯҳҳои динию сиёсӣ ҷудо шудаанд. Абозиёни Алҷазоир бо аҳли суннат камтар омезиш пайдо кардаанд ва таълимоти худро то дараҷае ҳифз намудаанд.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с.63 / М. Ҳазратқулов.</ref>
 
== Адабиёт ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ибозия"