Басра: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Адабиёт: ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: миЛЛАл бо як Л using AWB
Сатри 11:
БАСРÁ ([[арабӣ]]:بصرة) Бассора, шаҳр дар қисми ҷанубу шарқии [[Ироқ]], маркази маъмурии музофоти Басра.
 
Аҳолиаш 191420 нафар (2010). Дар қисми ҷан. пастии Байнаннаҳрайн ва резишгоҳи д. Шатту-л-Араб ҷойгир аст. Маркази р. о. ва автомобилӣ. Бандари калони дарёию баҳрӣ бо терминали нафткашонӣ, ки дар масофаи 120 км аз резишгоҳи д. Шатту-л-Араб ба халиҷи Форс воқеъ аст. Нуқтаи охирини р. о.-и Бағдод. Фурудгоҳи байналмиллалӣбайналмилалӣ дорад. Басра с. 637 ё 638 аз тарафи халифа Умар ҳамчун истеҳком бунёд шудааст. Дар асрҳои 8–12 маркази муҳимми маданӣ ва иқтисодии хилофати Аббосиён ва бандари бузургтарини Шарқи Наздик буд. Дар а. 13 аз тарафи муғулҳо (лашкари Ҳулокухон) торумор гардид. Асрҳои 16–19 маркази музофотии империяи Усмонӣ буд.
 
Солҳои 1917–30 аз тарафи лашкариёни англис забт гардид, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) ба пойгоҳи ҳарбии Британияи Кабир табдил ёфт. Басра дар натиҷаи ҷанги Эрону Ироқ (1980–88) ва ҷанги Халиҷи Форс (1991), бомбаборони Қувваҳои ҳарбию ҳавоии ИМА ва Британияи Кабир (2003) зарари бисёр дид. Бинои корхонаҳои истеҳсолӣ хароб гардиданд. Басра маркази истихроҷ ва коркарди нафти Ироқ буда, хатти қубурҳои нафт то конҳои аз-Зубайр ва ар-Румайл кашида шудаанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Басра"