Белиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎Иқтисодиёт: миЛЛАл бо як Л using AWB
Сатри 44:
== Ҷуғрофия ==
==Иқтисодиёт==
Белиз кишвари аграрист. Асосан иқтисоди Белизро имрӯз ҳам, чун 300 сол пеш аз ин, истеҳсоли чӯб ва чикле (мавод барои тайёр кардани сақичи резинӣ) ташкил медиҳад. Солҳои 60 а. 20 соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва либерализатсияи савдои беруна ба роҳ монда шуд. Саноати хӯрокворӣ, махсусан истеҳсоли шакар, консентратҳои ғизоӣ (асосан ситрусӣ); инчунин истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нуриҳои маъданӣ (аз соли 1984 5 маротиба афзуд) рушд кард. Барои содирот афлесун, грейпфрут, муз, папайя, манг ва ғайра парвариш мекунанд (округҳои Станн-Крик, Оринҷ-Уолк). Барои таъминоти дохилӣ ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёиҳо мекоранд. Чорводорӣ камтар тараққӣ кардааст. Дар соҳилҳо моҳӣ, харчанг ва ҷонварони баҳрии ғизоӣ ба даст меоваранд. Шакар, муз, моҳӣ, ҷонварони нодири ғизоии баҳрӣ, чӯб содир ва маҳсулоти саноатӣ, воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ, дорувор, тамоку ворид мекунанд. Бандарҳои баҳрӣ: Белиз, Биг-Крик, Коммерс-Байт. 43 аэродром, аэропорти байналмиллалӣбайналмилалӣ дорад. Шарикони тиҷоратиаш – [[ИМА]], [[Британияи Кабир|Британия]], [[Мексика]], [[Канада]] – давлатҳои атрофи [[Баҳри Кариб]]. Аз соли 1990 Белиз маркази тиҷорати оффшорӣ гардида, минтақаи савдои озод дорад. Дар соҳаи тандурустӣ низоми (система) давлатии суғуртаи тиббӣ амал карда, ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ 10,2 духтур рост меояд. Ассотсиатсияи бозиҳои олимпӣ ва миллӣ дошта, аз намудҳои варзиш футбол маъмултар аст.
== Табиат ==
Асосан аз пастиҳои ботлоқзор иборат буда, дар қисми ҷануби ғарбиаш кӯҳҳои Майя (нуқтаи баландтаринаш–Виктория, 1122 м) ҷойгиранд. Кӯл ва ҷазираҳои зиёд дорад. Қисми соҳилии Белизро тасмаи дарози рифҳои марҷонӣ ташкил медиҳад (аз ҷиҳати дарозӣ 2-юм дар ҷаҳон), ки он аз ҷониби ЮНЕСКО мероси табиии умумибашарӣ эълон шудааст. Сарватҳои зеризаминиаш омӯхта нашудаанд. Аз захираҳои табиӣ асосан чӯб ва моҳиро метавон ном бурд. Конҳои боксит ва тиллояш аҳаммияти саноатӣ надоранд. Иқлимаш тропикӣ, намнок. Ҳарорати миёнаи моҳҳои сол +25 – 270. Дар қисми соҳилии Белиз сардии ҳаво то–100 мерасад. Июл–декабр – мавсими бӯронҳои тропикист. Миқдори боришот 2000 мм, дар Ҷануб то 4500 мм дар як сол. Дарёҳои асосиаш – Белиз ва Рио-Ондо. Кӯҳҳои ба ном Санавбарӣ (Сосновые) шаршараҳои зиёд доранд. Хокаш сурхчатоб, дар Ҷануб зардтоб, даштҳо дорад. 45 дарсади ҳудуди Белиз бешазор буда (тӯс, санавбар, булут), дар ҷазираҳо бештар нахл мерӯяд. Навъҳои арзишманди дарахтони тропикӣ–гевея, саподиля, дарахти сурх (махагон), оҳандарахт ва ғ. низ дорад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белиз"