Аскаралӣ Раҷабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Фаъолияти илмӣ: миЛЛАл бо як Л using AWB
Сатри 34:
Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс - тоҷик [[Борбад]] хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом»,(2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007 - 2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.
 
Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад. Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмиллалӣбайналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад (1990), 1000-солагии эҷоди «[[Шоҳнома]]»-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто (2002), 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ (2003, 2006). Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони [[Сосониён]] (224-651), [[Сомониён]] (819-1005), рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои ХIV-ХVIII саҳми бузурги илмӣ гузоштааст.
Самти муҳими фаъолияти илмии Раҷабов А. таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни олим эҷодиёти композитории Ш.Соҳибов, А.Солиев, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, З.Шаҳидӣ инъикос гардидааст.
Раҷабов А. дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва диг.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст.