Карим Ҳайдаров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎top: using AWB
х →‎Зиндагинома: миЛЛАл бо як Л using AWB
Сатри 31:
Карим Ҳайдарович Ҳайдаров [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]]ро ба поён расондааст (1959), ихтисос – «химияи фармасевтӣ».
Мудири шӯъбаи биофармакология (1968-2005), мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] (2005- то имрӯз). Раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии ҶТ (1991-1995). Ҳамзамон солиён дар кафедраи фармакологияи [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] ба сифати ассистент ва профессор сабақ додааст.
Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба ҷустуҷӯ ва таҳияи доруҳои нав дар асоси синтези химиявӣ ва рустаниҳои доругии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ҳамроҳи кормандонаш ба саноати тиббӣ доруҳои «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат»-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, тавсия додааст. Доруҳои ба даст овардааш «Тимогар» ва «Тимотсин» барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд. Асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ мебошад. Соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмиллалӣбайналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.
== Осор ==
* Сравнительное фармакологическое изучение триакантина и папаверина. – М., 1964;